ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ

Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ

13 август 2024, Сешанбе
13
0
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок кард.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти иртиботи сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои "иқтисоди сабз", инчунин, равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, перомуни рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақа табодули афкори судманд сурат гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод. 
 
 
Таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт 
Тақвияти ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баррасӣ гардид.
Дар хабари пахшнамудаи Вазорати нақлиёт омадааст, ки вазирони нақлиёт масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз қабили гузаргоҳҳои транзитӣ, логистика ва ҳамлу нақли байналмилалӣ, баррасӣ карданд. Онҳо ба тадбирҳои амалишавандаи давлатҳо оид ба рушди робитаҳои нақлиётӣ дар партави Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба бунёди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ифтитоҳи марказҳои нави логистикӣ ва густариши шабакаи ҳамлу нақли байналмилалӣ равона шудааст, таъкид намуданд.
 
 
Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар шаҳри Остона 
10 - 11-уми август дар шаҳри Остона намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон баргузор гашт.
Тавре ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд, меваю сабзавоти тару тоза, асал, чормағз ва меваҳои хушки Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахти Қазоқистон имкон ёфтанд, ки бо намунаҳои таомҳои миллии тоҷикон, меваю сабзавот, туҳфаҳои хотиравӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ – маснуоти чармӣ, сафолӣ, чӯб ва қолинҳои маҳсули кори дастӣ шинос шуда, аз онҳо харид намоянд.
 
 
ДУШАНБЕ 
Омодагӣ ба таҷлили Ҷашни Истиқлоли давлатӣ 
12-уми август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 
Ба мо дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе тавзеҳ доданд, ки зимни ҷаласа ба тамоми сохторҳои МИҲД-и шаҳри Душанбе ва масъулони соҳа барои омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукӯҳи ин чорабинии муҳими сиёсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, масъалаи пешвози сазовори ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
 
 
Барои аз офати табиат зарардидагони ноҳияи Фархор 36 хона сохта мешавад
То Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиат зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад. 
Муовини якуми раиси ноҳияи Фархор Баҳодур Каримзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки барои сохтмони манзили истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, айни замон 70 дарсади сохтмон ба итмом расонда шудааст. Сохтмон дар ду баст ҷараён дошта, кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд сангфарш мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дид. 
 
 
Маркази миллии тестӣ
Давраи азнавбақайдгирии довталабон дар озмуни тақсимоти такрорӣ 
Аз 12 то 15-уми август давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доир мешавад. 
Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси холҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор – тавассути  шабакаи иттилоотии «Довталаб» гузаронда шуда, 19-уми август эълон мегарданд. Дар тақсимоти такрорӣ довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ дар асоси холҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, иштирок мекунанд.
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив