ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОҒИ "ИРАМ".  ОЗМУНҲОИ МИЛЛӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

БОҒИ "ИРАМ".  ОЗМУНҲОИ МИЛЛӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

13 август 2024, Сешанбе
16
0
Дар боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» баргузор гардид, ки дӯстдорони ҳунарҳои миллиро ба ҳам овард.
Дар қисмати ифтитоҳӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода суханронӣ намуда, чунин гуфт: «Миллати тоҷик бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ дар ҷаҳон мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус, дар бахши пухтани хӯрокҳои миллӣ кадбонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланд доранд. Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта, давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанд». 
Зикр гардид, ки санъати пухтани таомҳои миллӣ дар Тоҷикистон ба шароити табиӣ – мавқеи ҷуғрофӣ, иқлими субтропикӣ ва континенталӣ рабт дошта, ин омил боиси паҳншавии намудҳои гуногуни таом дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ гардидааст. Ҳамчунин, халқи тоҷик дар байни дигар миллатҳо бо ороиши дастархон шуҳрат дорад. Оростани дастархон анъанаи қадим буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад. 
Дар ҳар гӯшаи боғ кадбонуҳои чирадаст аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастархон ороста, намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро, пешкаш гардонданд. Иштирокдорони Фестивал ба гирдомадагон хусусияти таомҳои омоданамударо шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд. Инчунин, кадбонуҳо ба ҷамъомадагон оид ба тарзи тайёр намудани оши буридаву туппа, манфиати биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар паҳлуҳои барои саломатӣ муфиди баъзе таомҳои миллӣ маълумот доданд.
Аз ҷониби ҳакамон ба тарзи оростани дастархон диққати ҷиддӣ равона гардида, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив