ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Байни Тоҷикистон ва БОР созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд

Байни Тоҷикистон ва БОР созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд

14 август 2024, Чоршанбе
22
0
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим» ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт» созишномаҳои грантӣ имзо шуданд.
Тавре ба хабарнигори «Ҷумҳурият» дар Вазорати молия тавзеҳ доданд, созишномаҳоро 12-уми август вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон, хонум Шени Кембел имзо карданд. Маблағи лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим» 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, ба дастгирии буҷети давлатӣ равона мешавад. Мақсади асосии маблағгузории иловагии лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт» иваз кардан ва ба кор андохтани агрегати рақами 4-и Неругоҳ буда, он боиси то 274 МВт зиёд шудани иқтидори генераторҳо мегардад. Арзиши маблағгузории иловагии лоиҳа 21 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
 
 
 
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар таъмини амният ва мубориза бо 
гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ 
12-уми август дар шаҳри Теҳрон сафири фавқулода ва мухтори  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири кишвар (корҳои дохилӣ)-и Эрон Сайид Маҷид Мираҳмадӣ мулоқот кард. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни суҳбат  ҷонибҳо доир ба густариш ва таҳкими ҳамкории судманд дар таъмини амният ва мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ табодули афкор намуданд.
 
 
Созишномаи сармоягузорӣ оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус 
Ширкати «Сипар Групп» тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми  15 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон корхонаи насбу  васли 17 намуд нақлиёти махсусро бо  фароҳам овардани беш аз 100 ҷойи нави кор таъсис диҳад. 
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ин замина байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп» оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона насбу васли то 120 мошини махсус дар як сол мебошад.
 
 
Тоҷикистон ва Гурҷистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
12-уми август дар вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо раиси шаҳри Батумии Гурҷистон Арчил Чиковани масъалаҳои тақвияти  муносибатҳои дуҷониба ва зиёд намудани гардишгарон мавриди таҳлил қарор гирифтанд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ва масоили омӯзиши истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаи Гурҷистон доир ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва мубодилаи сайёҳон байни ду давлат баррасӣ шуданд.
 
 
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро дида баромаданд
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиат, ҳамкорӣ ва расондани кумакҳои техникӣ дар вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо роҳбари нави Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ масъалаи оғози корҳои таъмиру навсозии биноҳои воқеъ дар ҳудуди Хадамоти зидди жола, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, мавриди омӯзиш қарор гирифт. 
 
 
Ҳамоиш вобаста ба омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат 
Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷот ва талаботи корфармоён» ҳамоиш баргузор мегардад. 
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иттилоъ додааст, ки дар ҳамоиш самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ мешаванд.
 
 
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ 
13-уми август вобаста ба  муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши матбуотии  Вазорати корҳои хориҷӣ  баргузор гардид. 
Дар нишаст  роҳбарият ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ, Шурои уламои Маркази исломӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарону масъулони  намояндагиҳои дип-ломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.
 
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив