ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД
Мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дӯстдорони футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки 95 даста ва фарогирии 1425 нафар корманди вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол сурат гирифт. Ҳамин тариқ, байни кормандони аз 23-сола болои ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, дастаи МИҲД-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гашт. Дастаи раёсати қушунҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва КВД «Душанбешаҳрсоз» ҷойи сеюмро касб намуданд.
Миёни кормандони аз 23-сола болои ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бошад, дастаи ҶСК “Ориёнбонк” ғолиб шуд. Дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мутаносибан мақомҳои дуюму сеюмро мушарраф гаштанд.
Миёни кормандони аз 23-сола болои корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовори ҷойи якум, дастаи «Рахш-таксӣ» сазовори ҷойи дуюм ва дастаи «Соро-ойл» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар байни кормандони аз 45-сола болои вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” ҷойи якум, Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва дастаи «Бухоро» ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Нурулло Қурбонализода ба ғолибон: ҷойи якум ҷом, медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 17 000 сомонӣ, ҷойи дуюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 15 300 сомонӣ ва ҷойи сеюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 13 600 сомонӣ тақдим шуд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)