ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ доир  ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон 

Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ доир  ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон 

15 август 2024, Панҷшанбе
20
0
13-уми август Маҷмаи умумии СММ қатъномаро оид ба “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025 – 2034”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса пешбарӣ гардида буд, қабул намуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки бо қабули қатънома солҳои 2025 – 2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера бо мақсади пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус тавассути баргузории таҳқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
 
 
Машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили СҲШ
13-уми август дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.
Тавре ба мо дар Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ доданд, дар рафти машваратҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмон дар давраи раёсати дарпешистодаи Чин мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иқдомҳои муштараки Душанбе ва Пекин ҷиҳати пешбарии ташаббусҳои якдигар зимни такмили СҲШ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
 
 
вазири корҳои хориҷӣ бо cафири Арабистони Саудӣ
14-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, инчунин, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ дод.
 
 
Ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 
13-уми август таҳти роҳбарии раиси Комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври сеюми Озмун доир шуд. 
Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа аъзои комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми Озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият рафти даври сеюми Озмун пурра ба навор гирифта шавад. 
Даври сеюми Озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 15-ум то 27-уми август баргузор мегардад.
 
 
Баррасии масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе – Лондон 
14-уми август дар шаҳри Лондон байни намояндагони соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот баргузор шуд. 
Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақим  дар хатсайри Душанбе – Лондон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, парвозҳоро дар масири Душанбе –Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.
 
 
Барои 22 оилаи аз офати табиат зарардидаи ноҳияи Нуробод хонаи истиқоматӣ месозанд
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 22 оилаи зарардидаи ноҳия дар наздикии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ хонаҳои истиқоматии замонавӣ сохта мешаванд. 
Ҳоло сохтмон муташаккилона идома дошта, ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидаҳои офати табиат сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Нуробод ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷалб гардидаанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии мо дар МИМҲД-и Нуробод иттилоъ доданд.
Санаи нашр: 15.08.2024 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив