ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрӣ ҷиҳати вусъат бахшидани  ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия

Вохӯрӣ ҷиҳати вусъат бахшидани  ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия

21 август 2024, Чоршанбе
11
0
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Вилли Кемпл вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
 
 
Таҷлили бошукӯҳи Иди касбии табибон 
Бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино  дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гашт.
Маросими расмии таҷлили Иди касбии табибон бо гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Ибни Сино  дар назди бинои нави Донишгоҳ оғоз ёфт. 
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода кормандони соҳаи тандурустии кишварро бо иди касбиашон табрику муборакбод  гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба онҳо барор таманно намуд. 
 
 
Ҳамкориҳо бо Британияи Кабир дар соҳаи муқовимат бо терроризму экстремизм тавсеа меёбанд
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҳбари Шабакаи Шоҳигарии Муттаҳида оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Осиё ва Уқёнус Крис Фелтонро ба ҳузур пазируфт.
Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо раванди кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм бо назардошти тамоюлҳои минтақавӣ баррасӣ намуданд.
 
 
Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Исломобод 
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварамон чорабинӣ доир намуд.
Зимни суханронии хеш сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода доир ба муҳимтарин ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, таъриху тамаддуни қадим ва фарҳанги оламшумули тоҷиконро муаррифӣ кард. 
Намояндагони Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон ҳадафи баргузории ин чорабинии муштаракро ба афзоиши таваҷҷуҳи доираҳои туризм ва иттилоотии Покистон ба иқтидори бузурги сайёҳии Тоҷикистон рабт доданд. 
 
 
Тренинги омӯзишӣ барои кормандони соҳаи кишоварзӣ
Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба лоиҳаи “Tajik-SHEP” тренинги қадами 4-ум баргузор гардид, ки дар он наздики 250 кишоварз аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон ва Файзобод ширкат варзиданд. 
Дар тренинг аз ҷониби мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба деҳқонон дар асоси талаботи онҳо оид ба “Пешгирии касалиҳо ва ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ” ва “Интихоби тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ” омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
 
 
Баландии хокбориш дар Душанбе то 6 километр сабт шуд
Дар Тоҷикистон ҳавои чангу ғуборолуд боқӣ мемонад. 
Мувофиқи маълумоти Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳо, таҳлили таркиби хокбориш нишон медиҳад, ки дар он се унсури вазнини ба саломатии инсон зараровар: марги муш (арсеник), маранес ва оҳан дарёфт гардид. Рӯзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои ҷумҳурӣ қариб 4 маротиба зиёд шудааст. Бинобар ин, ба одамоне, ки, бахусус, ба бемориҳои дил, роҳи нафас, фишорбаландӣ, гирифторанд, тавсия мешавад, ки дар хона қарор гирифта, ҳангоми сайругашт аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив