ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАНҶАКЕНТ. АЗ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ 

ПАНҶАКЕНТ. АЗ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ 

21 август 2024, Чоршанбе
19
0
Авҷи созандагию бунёдкорӣ дар саросари кишвар нишон аз суботи комилест, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст омад. Айни замон, барои шоиста пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми сарбаланди мамлакат якдилу якҷон баҳри ободкорӣ камари ҳиммат бастаанд, ки зери рубрикаи «100 сатр аз созандагӣ» хӯшаеро аз ҳар гӯшае пешкаши хонанда хоҳем кард. 
 
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ 
Бо фаро расидани соли нави хониш, корҳои охирини омодагӣ дар муасиссаҳои таълимии шаҳри Панҷакент идома доранд. 
Чанде пеш раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти омодагии муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Шинг, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№45, 49 ва 107-и деҳаҳои дурдасти Чорроҳа, Падруд ва Нофин шинос шуд.
Акнун соли навро хонандагони Ҷамоат дар биноҳои барҳавову синфхонаҳои тоза пешвоз мегиранд. Намои берунии биноҳои мазкур таъмири ҷорӣ шуда, рангубори дохили онҳо низ анҷом ёфтааст. 
Ҳамчунин, дар деҳаи Косатароши шаҳр бунёди бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 бо ҷалби сокинон бомаром идома дорад. 
Корҳои сохтмонӣ бо иқдоми дастпарварони собиқи таълимгоҳ ба роҳ монда шуда, ният доранд, давоми соли хониш онро ба истифода диҳанд.
 
ҲАФТКӮЛ.  БУНЁДИ МЕҲМОНХОНАИ НАВ 
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд, соҳибкор Далер Ҳамроқулов азм дорад, дар кӯли сеюми мавзеи Ҳафткӯл – Ҳушёр пойгоҳи нави сайёҳиро бо меҳмонхонаю дигар иншооти зарурӣ бунёд намояд. Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз ин макон, ташкили сатҳи баланди хизматрасонию пазироии гарми сайёҳонро талқин намуд. 
Мавриди зикр аст, ки Ҳафткӯл яке аз манзараҳои дилрабои табиати Тоҷикистон буда, кайҳо боз қалби сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир кардааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзеъ ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорон панҷ пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ташкил кардаанд, ки ба рушди туризм дар минтақа мусоидат менамояд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив