ҲИСОР. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии пуршукӯҳ баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода собиқадорону кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба муносибати иди касбиашон ва зодрӯзи алломаи бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, бо назардошти ин, соҳаи тандурустии шаҳр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бомаром рушд мекунад. Кормандони соҳаи тандурустӣ баҳри пешбурди соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, татбиқи стратегияву барномаҳои миллии давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, солимии аҳолӣ усулҳои наву муосири муоинаву муолиҷаро ба роҳ монда, дар ин давра ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар масоҳати 8 гектар сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ бо 205 кат дар чор қабат ба маблағи 68 миллион сомонӣ, дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои сироятӣ бунёди беморхонаи касалиҳои пӯст бо маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ идома дошта, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бештари кормандони соҳаи тандурустиро дар шаҳр занону духтарон ташкил медиҳанд ва беҳтарин табибони зан бо унвонҳои баланди илмӣ ва дараҷаҳои олии тахассусӣ дар гузаштаву имрӯза ба аҳолии шаҳр содиқона хизмат кардаанду мекунанд.
Дар идомаи чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода ба чор нафар табиб нишони фахрии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба як қатор кормандони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим кард.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)