ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ҲАЙАТИ РАСМӢ РАВАНДИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНРО НАЗОРАТ МЕКУНАД

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ҲАЙАТИ РАСМӢ РАВАНДИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНРО НАЗОРАТ МЕКУНАД

23 август 2024, Ҷумъа
17
0
Муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври шаҳрии Озмун Дилбар Одилзода сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо мақсади шиносоӣ ва назорат аз раванди баргузории даври сеюми Озмун дар шаҳри Душанбе, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷараён дорад, дидан намуданд.
Муовини Сарвазир ва меҳмонон аз ҷараёни баргузории Озмун боздид карда, ба маҳорати иштирокдорон баҳои баланд дод. Махсусан, довталабони номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва адабиёти муосир бо азхудкунии теъдоди зиёди шеъру қасида, панду андарз, роману повестҳо хотири ҳайатро шод сохтанд. 
Дилрабо Мансурӣ, зимни суҳбат бо иштирокдорони Озмун ва ҳайати ҳакамон, аз ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон доштани як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, зикр кард: "Ҳадаф аз баргузории онҳо баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат мебошад". Ба иштирокдорон тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш кунанд. Аз ҳайати ҳакамон даъват ба амал оварда шуд, ки таъмини шаффофият ва адолат бояд шеваи корашон бошад.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив