ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии намояндаи доимӣ бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа

Вохӯрии намояндаи доимӣ бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа

23 август 2024, Ҷумъа
8
0
20-уми август намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа Томас Ламанаускас вохӯрд. 
Ба хабарнигори мо аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Таъсиси 1714 ҷойи нави кор дар ним сол  
То давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шуд. 
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи Нур бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттилоъ додааст, ки то якуми июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон 251 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, дар натиҷаи фаъолияти онҳо 1714 ҷойи кор фароҳам омад. 
 
 
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси вилояти Панҷоб
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода дар шаҳри Лаҳор бо раиси вилояти Панҷоб  Сардор Салим Ҳайдар Хон вохӯрд.
Зимни мулоқот масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси вилояти Панҷоб омодагии  худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳо иброз намуд. 
 
 
Мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи чорабиниҳо вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар истироҳатгоҳи “Ёс”-и дараи Ромит «Мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон»-ро ташкил намуд.
 Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ оид ба нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуданд. 
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ – ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии ҷавонон, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. 
 
 
"Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон"
Таҳти ҳамин унвон Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро баргузор намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорат хабар медиҳад, ки дар доираи чорабинии мазкур иштирокдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҷрибаҳои пешқадам ва технологияҳои кишту парвариш ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Деваштич аз наздик шинос шуданд. 
 
 
Ҷамъомад доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони Агентии омор 
Дар Агентии омор бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҳамоиш доир шуд. 
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва аҳли ҷомеа мусоидат хоҳад кард. 
 
 
Дар Тоҷикистон нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд
21-уми август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев қомат афрохт.
Тавре аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар маросими пардабардорӣ вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон Матлубахон Сатториён ва Аида Баллаева иштирок намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки Абай Кунанбоев  шоир, оҳангсоз ва маорифпарвари  барҷастаи қазоқ эътироф мегардад. Мероси ғании адабии ӯ на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият мебошад.
 
 
Дар Суғд марказҳои гармидиҳӣ ва панелҳои офтобӣ бунёд мегарданд
Масоили татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партовҳо дар вохӯрии раиси вилоят бо директори минтақавии ширкати Рowerchina Hebei engineering corporation Iimited (ҶМЧ) баррасӣ шуд. 
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки бунёди маркази гармидиҳӣ бо истифода аз технологияи нав дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки биноҳои баландошёна, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаву идораҳо дар фасли сармо бо гармӣ таъмин гарданд.
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив