ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАБАРҲОИ ИЛМӢ

ХАБАРҲОИ ИЛМӢ

23 август 2024, Ҷумъа
18
0
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН
 
Муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътиқоди мутақобила густариш меёбанд. 
 
Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон аз соли 1993 барқарор шуда, мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд мепайвандад. 
Бар пояи муносибатҳои густурдаи байнидавлатӣ дар шаҳри Душанбе Конференсияи олимону зиёиёни Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. 
Дар Конфронс зикр гардид, ки ҳоло муносибати ду кишвар дар соҳаи сиёсии ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бо муваффақият густариш меёбанд. Ин гуна ҳамоишҳо барои ҳамкории бештар заминаи мусоид фароҳам меоранд. 
 
МУВАФФАҚИЯТИ ОЛИМИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 
Сиёвуш Наботзода, олим ва ҳуқуқшиноси тоҷик, дар Озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф»  иштирок  намуда, байни намояндагони 19 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм ва диплом шуд.
 
Боиси зикр аст, ки маросими супурдани диплом ба ғолибон дар шаҳри Осло (Норвегия) ва Мадрид (Испания) баргузор гардида, Сиёвуш Наботзода дар он ба тариқи фосилавӣ бо пешниҳоди мақола дар мавзуъҳои «Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шароити пандемия» ва «Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» иштирок карда, қадр гардид. 
Боиси тазаккур аст, ки Сиёвуш муаллифи 22 монографияву адабиёти илмию таълимӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Соли 2017 монографияашро бо номи «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ» дар нашриёти «Империал-Групп» аз чоп баровард. Ин рисола ба таҳлили пайдоиши ниҳоди президентӣ ва умдатарин масъалаҳои ин ниҳод дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ ва ватанӣ, бахшида шудааст.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив