ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛУ АВҶИ ОБОДКОРИҲО 

ИСТАРАВШАН. ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛУ АВҶИ ОБОДКОРИҲО 

26 август 2024, Душанбе
22
0
Ба ифтихори Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри бостонии Истаравшан тантанаҳои идона оғоз гардида, ҳафтае ду маротиба дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр консерт баргузор мегардад. Ҳамзамон, ба ин муносибат «20 рӯзи ободонӣ ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ» эълон гардида, корҳои ободонӣ дар ҷӯшу хурӯшанд. 
 
БУНЁДИ 36 СИНФХОНА ДАР ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТ 
Боиси хурсандист, ки дар амалисозии бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳибкорону сокинони шаҳр саҳми назаррас мегузоранд. Махсусан, ба таври ҳашари умумӣ ва дастгирии саховатпешагон бунёд намудани иншооти иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо кумитаи падару модарон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Бо иқдоми онҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд меёбад, ки бо таҷҳизоти зарурии хониш муҷаҳҳаз намудани онҳо бар зиммаи роҳбарияти шаҳр аст. 
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, дар пайи ин та¬шаббус, алҳол корҳо дар 36 синфхонаи иловагӣ бо 2160 ҷойи нишаст, 2 толори варзишии наздимактабӣ ва як ошхонаи мак¬таб идома доранд. Иншооти мазкур то соли нави таҳсил мав¬риди истифода қарор хоҳад гирифт, ки аксаран дар мактабҳои деҳоти дурдасти шаҳранд. Аз ҷумла, биноҳои иловагӣ бо 10 синфхона дар МТМУ №22-деҳаи Куҳандиж, шаш синфхона дар МТМУ №55-и деҳаи Ниҷонӣ, чор синфхона дар МТМУ №63-и деҳаи Қалъаи Баланд ва чор синфхона дар назди Гимназияи №3-деҳаи Қалъаи Бакавул. 
Инчунин, дари толорҳои варзишии Литсейи №1 ва МТМУ №58 рӯзҳои наздик ба рӯи хонандагон боз мегарданд. 
 
ЗАРРИНРУД СОҲИБИ ПУЛ ШУД 
Сокинони Истаравшани бостонӣ баҳри ободии деҳу маҳаллашон низ беш аз пеш саъю талош доранд. Чанде аз онҳое, ки нияти такроран ҳаҷ кардан доштанд, маблағҳои ҷамъовардаашонро ба сохтмони пулу роҳ сарф карда истода¬анд. Бо ташаббуси онҳо дар болои сойи Зарринруди деҳаи Во¬гати деҳоти Сабристон як пули мошингузар бунёд гардид. Дар баробари ин, сокинон бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш¬кунии як километр роҳи дигарро ба уҳда гирифтанд, ки корҳо, аллакай, шуруъ шудаанд. 
Раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аз ин иқдоми сокинон гарм истиқбол намуда, барои ташаббусҳои созандаашон миннатдорӣ баён кард ва онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ раҳнамун сохт. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив