ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ 225 МЛН ДОЛЛАРИ ИМА

ХАТЛОН. ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ 225 МЛН ДОЛЛАРИ ИМА

27 август 2024, Сешанбе
10
0
Фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо меҳнати софдилона ва содиқонаи худ ба раванди пешрафти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, дар шаш моҳи аввали соли равон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардидаанд,  роҳнамои фаъолият қарор дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
 
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар шаш моҳи соли равон ба 15,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 банди фоизӣ афзуд. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 643 миллион сомонӣ  ворид гардид. 
Ба иттилои раиси вилоти Хатлон Давлаталӣ Саид, дар вилоят нимаи якуми сол 5 миллиону 930 ҳазор доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шуд, ки 4 миллиону 126 ҳазор доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Гардиши савдои хориҷӣ  ба 225 миллион доллар  баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 миллион доллар (52,3 дарсад)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин давра дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 миллион доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли рафта  39,5 миллион доллар зиёд мебошад.   
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар   27086 тоннаро ташкил дод. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, асосан, ба ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон  ва Беларус содирот шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд мебошад.
Бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра 40 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 343 ҷойи корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром идома дошта, ба ҳолати 1-уми июл аз 6260 иншооти нақшавӣ 3090-тоаш ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати зиёд намудани шумораи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  739 иншоот иловатан ба нақшаи чорабиниҳо ворид гардида, корҳо дар ин самт батадриҷ амалӣ мешаванд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив