ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ДУШАНБЕ. РАҚАМИКУНОНӢ ОМИЛИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ

ШАҲРИ ДУШАНБЕ. РАҚАМИКУНОНӢ ОМИЛИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ

28 август 2024, Чоршанбе
9
0
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода ва дигар шахсони расмӣ конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи пойтахт таҳти унвони “Рақамикунонии соҳаи маориф – омили асосии таълими босифат ва рушди таҳсилот” баргузор шуд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе, Дилбар Одилзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидии ҷомеа буда, масъалаҳои ба он вобаста, бахусус ташкилу баргузории машваратҳои кормандони соҳа дар арафаи соли нави таҳсил, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми майи соли равон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобида, илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва аҳли маорифро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа унвон карда, зарурати дар истеҳсолот ҷорисозии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, тазаккур доданд, ки истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ талаботи замони муосир мебошад.
Дар робита ба ин, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди он иқдомҳои тозаро роҳандозӣ намуда, дар самти муосиркунонӣ ва рақамигардонии низоми таҳсилот дар шаҳри Душанбе ба дастовардҳои камназир ноил гаштанд.
Тавре зикр гардид, тайи чор сол рақамикунонии соҳаи маорифи пойтахт бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гашта, пойтахти мамлакат  дар ин ҷода яке аз пешгомон ба шумор меравад.
Ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути Барномаи электронии “eDonish” ба тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи замони муосир роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ заминагузорӣ намуда, самараи таваҷҷуҳи хосаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф мебошад.
Соли равон Китобхонаи электронӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба истифода дода шуда, фарогири беш аз 5000 номгӯи адабиёти таълимиву методӣ, илмиву оммавӣ, бадеиву маърифатӣ ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, интерфейси он дар тарҳи муосир таҳия шуда, мураттабии мантиқии бахшҳои он таъмин гаштааст.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар суханрониаш зикр намуд, ки такя кардан ба неруҳои зеҳнӣ, рушди тафаккури техникӣ, фазои мусоид фароҳам овардан баҳри пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ арҷгузории Ҳукумати мамлакат ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Дар ин самт Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор дода, дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони аҳли зиё масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхонию илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навинро пайваста талқин намуда, ба аҳли маориф роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии муҳассилин, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан, назорати доимии азхудкунии донишҳои замонавӣ, наврасону ҷавононро ба мутолааи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ менамоянд.
 
Л. ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.08.2024 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив