ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мирзиёев: «Ӯзбекистон аз рушди босуръати ҳамкориҳо бо Беларус қаноатманд аст»

Мирзиёев: «Ӯзбекистон аз рушди босуръати ҳамкориҳо бо Беларус қаноатманд аст»

28 август 2024, Чоршанбе
9
0
Мир24. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот  бо ҳайати намояндагии Беларус таҳти роҳбарии Наталя Кочанова, раиси Шурои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, ки дар Ӯзбекистон қарор доранд, гуфт, ки аз рушди фаъоли муносибатҳо бо Беларус қаноатманд аст. Сарвари давлат ният дорад, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо ин кишвар боз ҳам густариш бахшад, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон. Шавкат Мирзиёев рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба, фаъол шудани робитаҳо ва табодули назарро тибқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосилшуда бо қаноатмандӣ зикр кард.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо, татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ, шарикии байниминтақавии соҳибкорон ва чорабиниҳои мунтазам дар чаҳорчӯби барномаи фарҳангию башардӯстонаро таъкид намуданд. Хадамоти матбуот, инчунин, аҳамияти идомаи муколамаи байнипарлумониро, ки ба пешбурди лоиҳаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои Беларусу Ӯзбекистон дар бахшҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок равона гаштааст,  таъкид кардааст.
 
 
Суҳбати телефонии Байден бо Моди
Известия. Ҷо Байден, Президенти Амрико ва Нарендра Моди, Сарвазири Ҳиндустон, гуфтугӯйи телефонӣ анҷом доданд ва дар поёни муколама изҳор доштанд, ки ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина ҳастанд. «Роҳбарон бори дигар ҷонибдории худро аз ҳалли осоиштаи низоъ дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи СММ тасдиқ карданд. Онҳо, инчунин, ба тааҳҳуди доимии худ дар ҳамкорӣ, аз ҷумла тавассути форумҳои минтақавӣ, аз қабили Муколамаи чаҳорҷонибаи амниятӣ, барои мусоидат ба сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақаи Ҳинду ҳавзаи уқёнуси Ором таъкид карданд”, –  гуфтааст хадамоти матбуоти Роҳбари Амрико. 
Байден зимни суҳбат бо Моди сафари Сарвазири Ҳиндустон ба Полша ва Украина ва, ҳамчунин, мулоқоти дарпешистода дар доираи Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябрро баррасӣ кардааст, – менависад «Газета.Ru».
 
 
Интихобот дар Озарбойҷон: беш аз 600 нозир аз 50 созмони байналмилалӣ рафти раъйдиҳиро назорат хоҳад кард
Мир 24. Қитъаҳои интихоботии Озарбойҷон барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ, ки  1-уми сентябр баргузор мешавад, омодаанд. Комиссияи марказии интихобот масъалаҳои ташкилиро дида баромад. Аъзои Комиссияи марказии интихобот фаҳмонданд, ки дар сурати гузаштани муҳлати шиноснома чӣ гуна бояд дар интихоботи парлумонӣ овоз дод. Чунин дархостҳо, аллакай, вуҷуд доранд. Раиси Комиссияи марказии интихобот Мазоҳир Паноҳов гуфт, ки ҳуҷҷати муҳлаташ гузашта барои иштироки шаҳрвандон дар овоздиҳӣ монеъ намешавад.
Баргузории интихоботро беш аз 600 нозир аз 50 созмони байналмилалӣ ва намояндагони ҳизбҳо назорат хоҳанд кард.
 
 
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Синьхуа. Чин дар пайи омодасозии мутахассисони босалоҳият ва баландихтисоси соҳаи маориф аст. Тибқи дастурамалҳои КМ ҲКЧ ва Шурои давлатии ҶМЧ, то соли 2035 омӯзгорӣ ба яке аз касбҳои муҳтарамтарин ва шоёни таҳсин дар Чин табдил хоҳад ёфт.
INTERFAX.RU. Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, гуфт, ки дар музокирот бо ҳамтои озарбойҷониаш Ҷейҳун Байрамов дар Анқара раванди ба эътидол овардани равобити Боку ва Ереван низ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Озарбойҷон ва Туркия дар оянда ҳам барои истиқрори сулҳ дар минтақа иқдомҳои муштарак хоҳанд кард.
Масъули гӯша: Сайфулло АШУРОВ
Санаи нашр: 28.08.2024 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив