ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд таъкид шуд

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд таъкид шуд

29 август 2024, Панҷшанбе
24
0
Дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокҳолм, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ иштирок намуд.
Далер Ҷумъа аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро марбут ба об таъкид намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон  дар талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об нақши муассир мегузорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
 
 
Содироти маҳсулот байни Тоҷикистон ва Покистон меафзояд
27-уми август вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо сафири фавқулода ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар вохӯрд. 
Ҷонибҳо бо мақсади афзоиши содироти маҳсулот, масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратӣ, нақлиёт, логистика, имконияти истифодаи бандарҳои Покистон ва воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Дар ин бора ба мо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд.  
 
 
Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 
Аз 22-юм то 28-уми август дар шаҳри Тирмиз вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории назди Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ корҳои муштарак оид ба мувофиқаи гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома ёфтанд.
 
 
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ 
Масъалаҳои такмили ихтисоси кадрҳои соҳа, омӯзиши табодули таҷрибаи илмӣ ва мубодилаи корӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 26-уми август дар шаҳри Боку зимни баргузории ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре дар Вазорати кишоварзӣ ба мо тавзеҳ доданд, зимни ҷаласа ҷонибҳо доир ба ҳамкорӣ дар самтҳои рустанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорию ангурпарварӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, вусъати ҳамкориҳо, тақвияти иқтидори содиротӣ ва дигар афзалияти соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Дар Теҳрон иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Бо  мақсади муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва ҷалби гардишгарон ба мамлакат, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Tajikistan-Iran Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор шуд. 
Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон, воситаҳои ахбори омма ва зиёда аз 150 корманди субъектҳои хизматрасон дар соҳаи сайёҳии кишвари мизбон иштирок карданд.
 
 
Фарогирии 4300 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ 
Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби корфармоён 4300 нафари бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолибуда ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ин нишондиҳанда 61,4 дарсади пешгӯии солонаи барномаро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ВМКБ 367 нафар, вилоятҳои Хатлон 1367 ва Суғд 1129, шаҳри Душанбе 210 ва ноҳияҳои тобеи марказ 1227 шаҳрванд ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.
 
 
Шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду ҳамкориро тақвият медиҳанд
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо намояндагони тиҷоратии шаҳри Чэндуи Чин, ки бо сафари корӣ дар пойтахти кишварамон қарор доранд, мулоқот намуд. 
Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни МИМҲД-и шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сармоягузорию тиҷоратии шаҳри Чэнду баррасӣ гардиданд.
 
 
Баргузории Анҷумани ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта 
Дар шаҳри Душанбе Анҷумани ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, доир гардид. 
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба мо тавзеҳ доданд, ки ҳадаф аз баргузории Анҷуман, пеш аз ҳама, муаррифии имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат имрӯз беш аз 40 000 ҷавони тоҷик дар хориҷи мамлакат таҳсил менамояд.
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив