ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН». ЯК ҲАМОИШИ ВАТАНДӮСТӢ

«ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН». ЯК ҲАМОИШИ ВАТАНДӮСТӢ

30 август 2024, Ҷумъа
21
0
Ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила ва дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Шукри Истиқлоли Меҳан» конфронси минтақавӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода бо арзи эҳтиром аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар зикр намуд:  
– Истиқлоли миллӣ ба занони мамлакат имконияти воқеии дарёфти мақому манзалати арзандаро дар ҷомеа фароҳам овард. Имрӯз занони тоҷик бо пуштибонӣ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил мегарданд. Дарвоқеъ, соҳибистиқлолӣ барои сокинони мамлакат имкон дод, то тамоми ниёзҳояшон бароварда гардад. Имрӯзҳо мардум дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар фазои сулҳу ваҳдат, якдиливу якмаромӣ ва иттиҳоду ягонагӣ фаъолият менамоянд. 
Чуноне зимни ҳамоиш таъкид гардид, ҳар сокини мамлакатро зарур аст, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон, дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ саҳм гузорад. 
Тавре ки маълум аст, дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи амали он барои солҳои 2021-2025 ба имзо расидааст, ки яке аз самтҳои он соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 барои фаъолзанон грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд. 
Бо назардошти ин, ба хотири воқиф шудан аз ҳунаромӯзии занони ноҳия, дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Чевар», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул аст, шинос гардид. Дар корхонаи мазкур айни ҳол, 20 нафар занони хонанишин ба шуғл фаро гирифта шуда, 12 ҷавондухтари хоҳишманд низ барои омӯхтани касби қолибофию атласбофӣ ба кор ҷалб гардидаанд. 
Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии конфронс ҷалби мардум, бахусус ҷавонон, ба корҳои ободониву созандагӣ мебошад. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив