ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент 

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент 

04 сентябр 2024, Чоршанбе
26
0
3-юми сентябр дар толори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳ Фирдавс Ҳаётзода паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳ Раҳмон Озода Эмомалиро ба самъи иштирокдорони маросим расонд. 
Дар маросим ба кормандони Дастгоҳ, ки дар фаъолияти меҳнатиашон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ супурда шуд.
 
 
Намояндаи Тоҷикистон муовини мудири кулли СИАО интихоб шуд
Намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ барои ишғоли вазифаи муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) пешниҳод шуда буд. 
Вобаста ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки аз байни намояндагони 14 кишвари аъзои Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи он Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин ниҳод интихоб гардид.
 
 
Нашри мавод оид ба истиқлоли давлатӣ дар маҷаллаи «Seoul City» 
Маҷаллаи «Seoul City» бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ мусоҳибаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киромро ба нашр расонд.
Дар хабари пахшнамудаи Сафорат чунин омадааст: «Дар мусоҳиба, аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки истиқлол дастоварди олии халқи тоҷик аст. Аз замони ба даст овардани он Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушд ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Мамлакат дорои заминаи мустаҳками сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба субот ва шукуфоии иқтисодӣ мусоидат менамояд».
 
 
Баррасии лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» 
3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» баргузор гашт. 
Ба хабарнигори мо дар Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иттилоъ доданд, ки лоиҳа ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвар, хоҷагиҳои ниёзманд, муассисаҳои илмию таълимии кишоварзӣ пешбинӣ шуда, дар таҳкими қонунҳои марбут ба соҳа саҳми муносиб мегузорад. Он барои истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва бо ҷойи кор таъмин гардидани аҳолии мамлакат мусоидат менамояд.
 
 
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик 
3-юми сентябр бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик бо иштироки кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат, собиқадорони соҳа ва намояндагони ширкатҳои авиатсионии давлатҳои хориҷӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода кормандони соҳаи авиатсияи тоҷикро аз номи Ҳукумати мамлакат бо иди касбӣ табрик намуда, афзуд: «Авиатсияи тоҷик  маҳз дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушд намуда, ба сохтори муҳим ва афзалиятнок табдил ёфт. Имрӯз соҳаи авиатсияи гражданӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҷойгоҳи хоса дошта, дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсонӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, нақши бориз мегузорад».
 
 
Таҷлили 29-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон 
3-юми сентябр хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузург: 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29-солагии таъсиси Гвардияи миллиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ботантана таҷлил намуданд.
Ба «Ҷумҳурият» дар шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардия иттилоъ доданд, ки дар ҷамъомад намояндагони Ҳукумати мамлакат, собиқадорон ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок карданд. Таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардия бояд бо интизоми қатъӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. 
 
 
Баррасии масоили тавсеаи минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ 
2-юми сентябр директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода бо намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен вохӯрд.
Аз Марказ ба мо иттилоъ доданд, ки зимни он ҷонибҳо тавсеаи минбаъдаи ҳамгироӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд. 
Таъкид гардид, ки Марказ минбаъд низ ба идомаи робитаҳо бо Бунёди Конрад Аденауэр барои ҳамкории созанда ва дастгирии муколамаи доимӣ, ки ба густариши равобити бисёрҷонибаи минтақавӣ равона шудааст, ҳавасманд аст.
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив