ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН

ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН

04 сентябр 2024, Чоршанбе
50
0
Дар арафаи ду иди бузург – 33-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 10 омӯзгори тоҷики ӯзбекистонӣ бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Дар маросими супурдани мукофот Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гуфт, ки равобити ду кишвари ҳамҷавор беш аз пеш тавсеа меёбанд. 
– Бо ташаббуси сарварони ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шуруъ аз соли 2018 риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мустаҳкам мегарданд ва ҳамкориҳо ба манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар хизмат мекунанд.  Хусусан, густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон натиҷаҳои хуб ба бор меоваранд, – гуфт сафир.
Абдуҷаббор Раҳмонзода нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ ба Амонқул Завқиев, Фароғат Ҳасанова, Иззатулло Алибоев, Ҷумҳур Қуқонов (вилояти Навоӣ), Қурбонгул Муроддинова (вилояти Сирдарё), Гулбаҳор Шарофова (вилояти Намангон), Хуршед Абдуманнонов (вилояти Тошкент), Рӯзибой Қурбонов (вилояти Қашқадарё), Ирода Давронова (вилояти Самарқанд), Саодат Сангинова (вилояти Сурхондарё) супурд.
– Наздики ним аср мешавад, ки дар деҳаи Гелон ба насли наврас аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳам. Чанд сол дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ангрен (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Чирчиқ) фаъолият намудам ва ба тарғиби илму маърифат ва забону фарҳанг машғул шудам. Ифтихор мекунам, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маро бо нишони Аълочии маориф ва илм сарфароз намуд. Ин мукофот масъулияти маро дучанд хоҳад кард, – гуфт омӯзгори мактаби №58-и ноҳияи Шаҳрисабз Рӯзибой Қурбонов.   
Дар маросим, ҳамзамон, як гурӯҳ рӯзноманигорон ба муносибати 100-солагии таъсиси нашрияи расмии Олий Маҷлис ва Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – рӯзномаи “Овози тоҷик” бо ифтихорномаи Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сарфароз гардиданд. 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив