ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

06 сентябр 2024, Ҷумъа
15
0
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила 3-юми сентябр бахшида ба 33-солагии Ҷашни бошукӯҳи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии "Истиқлол ва занон" баргузор гардид.
Дар Конфронс  сиёсатмадорон, ходимони намоёни давлатӣ, аъзои парлумони кишвар, раисони шурои занони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода аҳли нишастро бо ин Ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, аз роҳи тайнамудаи давлату миллат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат занони тоҷик дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд. Миллати тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ давоми сию се сол таҳти роҳбарии  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи тоҷик  назир надоранд.
– Ин имкон дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат нақши муассир гузоранд. Имрӯз зан-модари тоҷик ба ҳайси вакил, вазир, сафир, олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор, муҳандису ҳомии Ватан фаъолият дошта, дар рушди ҷомеа саҳми хешро мегузоранд,– таъкид сохт Бунафша Файзиддинзода.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози давлатдории навин перомуни таҳким бахшидан ба мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонд. 
Дар Конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гавҳар Шарофзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Саодат Ҷӯрахонзода, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, доктори илмҳои тиб, барандаи Ҷоизаи байналмилалӣ  Шарофзода Миҷгона сухан гуфта, доир ба дастовардҳои замони истиқлол ибрози андеша намуданд.
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 06.09.2024 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив