ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  САФАРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТ 

ХАТЛОН.  САФАРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТ 

11 сентябр 2024, Чоршанбе
14
0
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати огоҳӣ аз вазъи зиндагии мардум, маъракаи ҷамъоварии пахта ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба якчанд ноҳияи вилояти Хатлон сафар намуд.
 
Дар ноҳияи Хуросон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён як қатор иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, дар ноҳияи Хуросон се муассисаи нави таълимӣ ва ошхонаи замонавӣ дар назди МТМУ №20 ба истифода дода шуд, ки минбаъд омӯзгорону хонандагон аз муассисаҳои дорои шароити мусоид самаранок истифода хоҳанд кард. 
Иттилоъ доданд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №1 дар маркази ноҳия аз ҷониби гурӯҳи татбиқи “Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо сифати баланд сохта шуда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Муассисаҳои мазкур бо тарҳи ба ҳам монанд сохта шуда, аз ду ошёна, 20 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд.
МТМУ № 32  дар деҳаи   Имоми Аъзами ноҳияи Хуросон  бо саҳми сокинон ва соҳибкорони деҳа бунёд ёфта, аз 11 синфхона иборат мебошад ва барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, саҳми соҳибкорону сокинон минбаъд чунин муассисаҳои муосири таълимӣ ҳамасола бунёд мегарданд ва аз ин шароити хуб хонандагон бояд самаранок истифода намуда, бо аз худ кардани донишҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.   
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сари пули Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки  ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 11950 гектар заминро дар ихтиёр дорад. То имрӯз аз тарафи ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, тибқи ҳисоботи солонаи замин, майдони умумии 5700 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, дар майдони 4967 гектари он пахтаи навъи «Синлу Чжун-54» кишт шудааст. Айни замон нашъу намои пахта дар ҳолати хуб қарор дошта, дар нақша аст, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна аз 25 то 30 сентнер ҳосил ба даст оранд. Дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими киштукор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин карда мешавад.
 Сарвазири мамлакат ба пахтачинони пешқадам туҳфаҳо супурда,  барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд дод.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвазири мамлакат ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон, оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив