ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. МТМУ №25 БА НОМИ АКБАРАЛӢ САТТОРОВ ГУЗОШТА ШУД

ҲИСОР. МТМУ №25 БА НОМИ АКБАРАЛӢ САТТОРОВ ГУЗОШТА ШУД

11 сентябр 2024, Чоршанбе
7
0
Дар арафаи соли нави хониш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи дониш ва номгузорӣ шудани Муассиса ба номи рӯзноманигори шинохта, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  Равшани Махсумзод ва доктори илмҳои филологӣ Боймурод Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки зиндаёд Акбаралӣ Сатторов дар умри кӯтаҳе, ки дошт дар рушди журналистикаи муосири миллии тоҷик нақши мондагор гузошт. Ӯ баъд аз таваққуфи чандсолаи чопи рӯзномаю маҷаллаҳо дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз аввалинҳо шуда, ба чопи рӯзномаҳои хусусӣ  дар кишвар ибтидо гузошт ва бо ҳафтаномаи “Чархи гардун” байни мардум маъруфу машҳур гашта, маҳбубият касб намуд.     
Ҳамчунин, дар давраи раисии ӯ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, дар пайравӣ ба Акбаралӣ Сатторов журналистони зиёд маҷаллаву ҳафтаномаҳои хусусии хешро таъсис доданд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив