ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ РОҒУН.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ВАРЗИШ

ШАҲРИ РОҒУН.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ВАРЗИШ

11 сентябр 2024, Чоршанбе
11
0
Дар қатори дигар мавзеъҳои Тоҷикистони азиз дар шаҳри Роғун низ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ашхоси саховатпеша як силсила иншооти варзишӣ бунёд гашт. Алҳол дар шаҳр 14 толор ва беш аз 57 майдончаи варзиш мавҷуд буда, як муассисаи давлатии мактаби варзишӣ фаъолият менамояд. Маҳз ҳамин дастгириву ғамхориҳо мебошад, ки тайи солҳои охир варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои гуногун ба комёбиҳо ноил мегарданд.
Тавре Қаноатшо Тоирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр,  иброз дошт, паҳлавони бомаҳорат ва умедбахш Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки аз 29-уми август то 1- уми сентябри соли равон дар шаҳри Мунгйонги Ҷумҳурии Корея баргузор шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар баробари ин, шогирдони дигари мактаб - Суҳроб Ҷалилов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни наврасон сазовори ҷойи аввал, Мадина Саидзода 17-18-уми августи соли равон дар чемпионати кушоди Тоҷикистон оид ба карате-киокушинкай дар вазни 57 кг миёни калонсолон сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Боиси зикр аст, ки яке аз дастпарварони муваффақи мактаб Ҳасан Саидакрамзода ба шумор рафта, ӯ дар муҳорибаҳои омехта рақобат мекунад ва то имрӯз 13 муҳориба гузаронида, дар ягонтоаш мағлуб нашудааст. 
Бино ба гуфтаи Тоирзода, ҳоло дар мактаб 312 нафар, аз ҷумла 16 духтар, дар намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунанд, ки барояшон тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст.  
– Маврид ба зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр толори хурди варзишӣ ва маркази ҷавонон ба истифода дода мешаванд, – иброз дошт Қаноатшо Тоирзода. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив