ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН».  АСАРИ БЕЗАВОЛЕ, КИ БА ДАСТИ ХОНАНДАҲОИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ РАСИД

«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН».  АСАРИ БЕЗАВОЛЕ, КИ БА ДАСТИ ХОНАНДАҲОИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ РАСИД

11 сентябр 2024, Чоршанбе
35
0
– Баъд аз анҷоми таҳия ва нашри китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба забони кореягӣ дарк кардам, ки дар як муддати кӯтоҳ таъмини тарҷумаи матни забони дигар ба кореягӣ чи гуна мураккабу тоқатфарсост. Аммо бо анҷоми баргардонӣ ба забони кореягӣ ва нашри ин китоби арзишманд эҳсоси шодие маро фаро гирифт, ки изҳор накардани он ғайримумкин аст.
Ин матлабро хонум Ли Ок-рён, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маросими рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ба забони кореягӣ тарҷума ва нашр гардидааст, баён дошт.
Муаррифии ин китоби пурарзиш 4-уми сентябр бо ҳузури намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони тоҷику кореягӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни рӯнамоӣ зикр шуд, ки осори таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси бузурги илмӣ дошта, дар он масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷик мушаххас ва дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ бо назардошти натиҷаи тадқиқотҳои дохилию хориҷӣ инъикос гардидаанд. Чунин таълифоти безавол дар шинохти симои таърихи миллати кӯҳанбунёди тоҷик, мероси ғановатманд ва дар муаррифии ин халқи тамаддунофар ба ҷаҳониён нақши мунир гузоштанд. Чунончи, хонум Ли Ок-рён баъд аз омӯзиши ин асар ба натиҷа расидааст, ки “таърихи мардуми тоҷик, аз он чи ки хориҷиён фикр мекунанд, хеле тафовут дорад. Исми ин сарзамин бо ашхоси барӯманди он алоқаманд аст”. 
Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси як сиёсатмадори бузурги асри XXI, ки монеаҳои зиёди сахту сангинро паси сар карда, барои рушду нумӯ ва дастовардҳои зиёди кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, мондагор аст.
“Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба забони кореягӣ  бо мусоидати Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” ба нашр расидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур то кунун бо чор забони хориҷии дигар тарҷума ва чоп шудааст, ки ин амр дар шинохти симои таърихии миллати тоҷик аз сӯи мардумони гуногуни олам аҳамияти бузург дорад. 
                                                                              
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив