ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН 

ХАТЛОН 

16 сентябр 2024, Душанбе
12
0
Боздиди раиси вилоят аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ
 
11-уми сентябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз маркази вилоятии бемориҳои дил, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази бемориҳои чашм ва маркази саратоншиносии вилояти Хатлон боздид намуда, аз вазъи кории табибон ва шароити беморон огоҳ шуд.
Аксари шуъбаҳои марказу беморхонаҳо имрӯз мавриди навсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонда шуданд, аммо ҳоло ҳам дар ин самт камбудиҳо  ба назар мерасанд.
Раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳал намудани ин мушкил дастуру супоришҳо дод. Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки, пеш аз ҳама, таҷҳизоти муосири тиббиро дар дигар шуъбаҳо низ таъмин карда, сатҳи хизматрасонии тиббиро беҳтар созанд.
Гуфта шуд, ки таъмини ин соҳаи афзалиятноки кишвар бо кадрҳои соҳибтахассус, инчунин, баланд бардоштани дараҷаҳои касбии онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати такмили ихтисос ва малакаҳои касбӣ, масъулият ва риояи муоширати сатҳи баланди соҳавии онҳо диққати хос зоҳир карда шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин соҳаи афзалиятноки кишвар дар вилоят бамаротиб рушд карда, бо ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои соҳа ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави табобат шароити хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, 128 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва шарикони рушд сохтмони 98 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
 
 
ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ БОСТОНИИ КӮЛОБ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар масъулони соҳаи кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор бо фаъолияти ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" шинос шуданд.
Заминҳои Ҷамъияти мазкур 1900 гектарро дар бар гирифта, масъулон дар заминҳои бар зиммадоштаашон дар деҳоти Зиракӣ ва Зарбдор кишти навъҳои пунбадонаи "Лотос", "Бухоро" ва дигар навъҳои ба иқлими минтақа мувофиқро кишт намудаанд.
Зимни боздид аз заминҳои кишти пахта масъулон иттилоъ доданд, ки дар вақти кишти пунбадона мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардида, ҷиҳати ҳосилнокии пахта маслиҳатҳо дода буданд ва натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҳосил беҳтар мебошад.
Раиси вилоят, вазири нақлиёт ва раиси шаҳри Кӯлоб ба пахтачинони пешқадам туҳфаҳо супурда, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зимни суҳбат гуфтанд, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин шуданд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст. 
Дар вохӯрӣ  бо меҳнаткашон раиси вилояти Хатлон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон, оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН,  "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 13.09.2024 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив