ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЛИМОНИ ТОҶИК ВА ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ОЛИМОНИ ТОҶИК ВА ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

17 сентябр 2024, Сешанбе
16
0
Бо ибтикори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.
Дар Конфронс намояндагони доимӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, профессорон, ходимони илмӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней, Ҷибути, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Кувайту Алҷазоир иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Конфронси мазкурро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири ҷаҳони мусулмонӣ буда, ба ғояҳо ва арзишҳои волои исломӣ, ки меҳвари онро инсонпарварӣ, адолат, илму маърифат, покиву нексириштӣ ва некпиндорӣ ташкил медиҳанд, арҷ мегузорад. Конфронси байналмилалӣ маҳз ба хотири гиромидошти он бузургоне доир мегардад, ки нури илму маърифатро дар пояи ақида ва андешаҳои ноби дини мубини ислом аз ҳавзаҳои илмиву фарҳангии минтақаҳои зархези Мовароуннаҳру Хуросон ба тамоми ҷаҳон интишор дода, башариятро аз зулмати ҷаҳолат раҳондаанд.
Зикр гардид, ки олимон ва абармардони Мовароуннаҳру Хуросон на танҳо дар рушди илмҳои динӣ, аз қабили ақида, фиқҳ, тафсир ва ҳадис, балки дар ташаккул ва пешрафти илмҳои дунявӣ ва дақиқ, ба монанди тиб, ҳандаса, табиатшиносӣ, ситорашиносӣ, физика, химия ва ғайра, амалҳои бузург анҷом додаанд ва дар раванди таҳкими пояҳои тамаддун ва фарҳанги ҷаҳони ислом нақши босазо гузоштаанд. Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва садҳо дигаронро метавон номбар кард. Дар ҳофизаи таърихи тамаддуни исломӣ сабт шудааст, ки донишмандон бо решаҳои форсиву тоҷикӣ, ҳатто, дар рушди илмҳои марбут ба забони арабӣ, аз қабили савҳу наҳв, арӯз ва мантиқ низ, пешрафта будаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз низ Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳо ва суннатҳои волои исломӣ арҷ мегузорад. Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмини озодии виҷдон ва пайравӣ аз афкори дин корҳои назаррасро ба иҷро расонд. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давоми солҳои охир се маротиба Қуръони карим ва тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ чоп шуда, ба мардуми мамлакат ройгон пешниҳод гардид. 
- Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» баргузор шуд, ки дар ҳаёти маънавии мардуми тоҷик рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад, - таъкид намуд Фаррух Шарифзода.
Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ, ба монанди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абубакр Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, тарҷума ва нашри осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, аз қабили «Тафсир»-и Табарӣ, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и Ибни Қалбун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ далели он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи арзишҳои исломӣ ва асолати динӣ устувор аст.
Дар идомаи Конфронс Тариқ Алӣ Бахит Салоҳ, мушовири Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ, мушовир оид ба масъалаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, доктор Маҳмут Эрол Қилич, директори генералии ИРСИКА, доктор Азеддин Бензеҷиба, сардори шуъбаи омӯзиш, нашр ва равобити хориҷии Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа ал- Маҷиди АМА, Нодир Мутлақ Алвутаир, узви Анҷумани нависандагони Кувайт, муҳаққиқи таърихи ислом, суханронӣ намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи асарҳои муҳаққиқони форсу тоҷик табодули афкор намуданд.
Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони нобиға ва фарзонаи миллати фарҳангсолори тоҷик тули беш аз 13 қарн дар раванди ташаккул ва рушду густариши фарҳанг ва тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гузоштаанду то ба имрӯз мегузоранд ва дар байни халқҳои мусалмон ҳамчун имомони ҳидоятпеша, олимони барҷаста ва мутафаккирони равшанзамир ном баровардаанд. Хидматҳои мондагор ва осори безаволи онҳо на танҳо ба нафъи уммати ислом анҷом меёбанд, балки барои пешрафту рифоҳи башарият хидмат мекунанд.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив