ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ДАРЁ МАҶРОИ НАВ МЕҶӮЯД"

"ДАРЁ МАҶРОИ НАВ МЕҶӮЯД"

17 сентябр 2024, Сешанбе
17
0
Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи нависанда ва публитсисти маъруф Мутеулло Наҷмиддинов ва рӯнамоии романи ӯ “Дарё маҷрои нав меҷӯяд” ҷаласа баргузор гардид. 
Маҳфилро муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронӣ ӯ дар бораи саҳми арзандаи адиб, мураббии журналистони рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”  ва “Ҷавонони Тоҷикистон” Мутеулло Наҷмиддинов дар рушди адабиёт, рӯзноманигории тоҷик ва фаъолияти чандинсолааш дар соҳаи адабиёт ва матбуот маълумоти муфассал иброз дошт.
Дар чорабинӣ шахсиятҳои маъруфи адабӣ, аз ҷумла нависандаҳои халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, профессор Иброҳим Усмонов, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, сармуҳаррири вақти рӯзномаи “Садои мардум” Мирзомаҳмуд Мирбобозода, собиқадорони матбуот Сафарбек Фозилов, Нозирҷон Ёдгорӣ, Қурбон Мадалиев ва дигарон аз ҳамкориҳояшон бо устод Мутеулло Наҷмиддинов, лаҳзаҳои хотирмонро ёд оварданд. Адабиётшинос, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Абдураҳмон Абдуманнонов саҳми устодро дар рушди очерки бадеӣ зикр намуда, таъкид дошт, ки романи "Дарё маҷрои нав меҷӯяд" инъикосгари андешаҳои нависанда дар бораи тағйиротҳои ҷамъиятӣ буда, он ҳамчун як мероси адабӣ на танҳо барои ҳамзамонон, балки барои наслҳои оянда низ арзиши баланд дорад. Тавре таъкид рафт, ҳоло кам ҳастанд нависандагоне, ки мисли Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Мутеулло Наҷмиддинов очеркҳои бадеӣ  эҷод кунанд. Ин устодон тавассути очеркҳои худ на танҳо аз мушкилоти ҷомеа, балки аз сиёсати он замон ба мо иттилоъ додаанд ва  моро месазад аз ин шахсиятҳо ва осори бузурги онон ҳамеша ёд кунем.
Чорабинӣ дар фазои гарм ва эҳтиром ба шахсияти Мутеулло Наҷмиддинов ҷараён гирифт ва дар хотири иштирокдорон ҳамчун як маҳфили маънавии пурмазмун боқӣ монд. 
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив