ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁРӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНД АЗ ҶОНИБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

ЁРӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНД АЗ ҶОНИБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

18 сентябр 2024, Чоршанбе
30
0
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз иқдому ташаббусҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.
 
Дар арафаи Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 12500 нафар, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимон, камбизоатон, маъюбон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор, қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин, кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳри Душанбе, ёриҳои пулию моддӣ расонда шуданд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, чун анъана дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ин иқдоми неку инсондӯстона сурат мегирад. Ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯзҳо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ идома медиҳад.
 
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 
 
 
Мулоқот бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон 
17-уми сентябр дар шаҳри Остона дар ҳошияи Нишасти дуюми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
 
 
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ 
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки 16-уми сентябр дар пойтахти Австрия – шаҳри Вена оғоз гардид, иштирок дорад. 
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҳошияи иҷлосия мулоқоти алоҳидаи ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Агентӣ ва давлатҳои хориҷӣ барои баррасии самтҳои нави ҳамкории фаннӣ ва татбиқи муштараки Нақшаи стратегии умумӣ доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.
 
 
Ҳайати сармоягузорони ИМА ва Британияи Кабир дар Душанбе 
Раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода бо ҳайати баландпояи идоракунандаи фондҳо ва таҳлилгарони сармоягузории Амрико ва Британияи Кабир таҳти роҳбарии президенти Ширкати «Trans – National Research» Марс Зивет, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд. 
Бонк иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи сафари ҳайат гузарондани таҳлили макроиқтисодӣ ва арзёбии ҳамаҷониба, афзалияти рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ мебошад. Намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ва бритонӣ омодагиашонро барои ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ  иброз намуданд.
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив