ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШКОШИМ.  ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ СОҲИБИ ХОНАҲОИ НАВ МЕГАРДАНД

ИШКОШИМ.  ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ СОҲИБИ ХОНАҲОИ НАВ МЕГАРДАНД

18 сентябр 2024, Чоршанбе
26
0
Бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз сел зарардидаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим дар Дашти Рен ба марҳалаи ниҳоӣ мерасад.
 
– Ҳар боре  аз сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, ки бароямон дар яке аз маҳалҳои зеботарин қомат меафрозанд хабар мегирем, дилҳоямон аз фараҳ ва сипосу  миннатдорӣ  аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари оқилу ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лабрез мегарданд, – изҳор доштанд зарардидагон  аз офати табиӣ, ки айни ҳол муваққатан барояшон дар истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи  Роштқалъа  шароити  зист муҳайё гардидааст.  
– Ҳеҷ бовар надоштем, ки дар муддати камтар аз як моҳ ба хотири таъмин намудани мо – зарардидагон, бо манзили истиқоматӣ  ҳаҷми зиёди корҳо анҷом дода мешаванд ва  диламон пур аст, ки пас аз чанде соҳиби сарпаноҳ мегардем. Дар истироҳатгоҳ   барои аъзои 13 хоҷагии беҷошуда ҷойи хоби тозаву барҳаво ва маводи ғизо ба таври  кофӣ таъмин аст, – изҳор дошт яке аз зарардидагон зимни суҳбат. Бошандагони иҷбории истироҳатгоҳи “Шабдез”  аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки бо дастури Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят  19 кӯдаки синну соли мактабии хонаводаҳои зарардида дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо ҳамаи шароитҳои таҳсил таъмин мебошанд.   
Алишер Мирзонабот, раиси  ВМКБ, зимни сафари корӣ ба ноҳияи  Ишкошим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар Дашти  Рен боздид ба амал овард. Аввал, ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки ба ҳар як хонаводаи зарардида кумаки яквақтаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ супурда шуда, хоҷагиҳо бо маводи ғизоӣ пурра таъмин мебошанд. 
Бинобар маълумоти  раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар, дар ҷараёни  корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ  дар деҳаи Зугванд бо мусоидати роҳбарияти   Ҳукумати кишвар ва сафарбар намудани техникаи роҳсозии идораҳои гуногун дар муддати кӯтоҳ қитъаи  роҳи харобшуда аз сел тоза шуда,  иртиботи нақлиётӣ бо деҳоти болоии Ҷамоати деҳоти  Зонг  ва  ноҳияи Мурғоб  барқарор гардид.  26 хонаводаи манзилҳояшон қисман зарардида  бо масолеҳи бинокорӣ пурра таъмин гардида, хонаҳояшон таъмир шуданд ва айни ҳол  дар манзилҳояшон истиқомат мекунанд. Хатҳои интиқоли барқ дар деҳаи  Зугванд аз нав барқарор шуда, ҳамаи хонаводаҳои деҳа бо барқ таъмин гардиданд. Каналу ҷӯйҳои об аз нав барқарор шуданд. Барои сездаҳ хонаводаи пурра аз офати табиӣ харобшуда дар Дашти  Рен замин ҷудо шуд ва айни ҳол бунёди манзилҳои истиқоматӣ босуръат идома дорад. Бовар аст, ки  хонаҳо  дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешаванд. 
Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ изҳори қаноатмандӣ кард, вале аз ҷараёни корҳои  ободонии гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ эрод гирифт. Баъди  мулоқоти Алишер Мирзонабот  бо ҷавонони ноҳия, бригадаҳои алоҳида аз ҳисоби онҳо ташкил ва ба корҳои ободониву созандагӣ ва сабзазоркунии маҳал ҷалб  гардиданд. 
Ба иттилои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, бунёдкорӣ бо  сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои зарардидагон маҳдуд нашуда, дар доираи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ биноҳои маъмурии раёсати молия, муассисаҳои таҳсилотии миёнаи умумии рақамҳои 13 ва 21, корхонаи коркарди ангат  ва ғайра ба истифода дода мешаванд.  
   
Раҳмон ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив