ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Баррасии масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ 

Баррасии масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ 

20 сентябр 2024, Ҷумъа
17
0


18-уми сентябр зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо директори асосии амалиёти Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) Назим Нордалӣ масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шуд. 
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки ҳангоми мулоқот имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди мамлакат муаррифӣ гардида, аз Корпоратсия дархост шуд, ки барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ ва офтобӣ, маблағгузориро зиёд намоянд.


Машварати корӣ оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ 
17-уми сентябр бо тариқи онлайн машваратҳо байни  вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма баргузор гардиданд. 
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкор намуданд.


Машғулият дар самти муқовимат ба коррупсия 
17-уми сентябр дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус машғулияти муштарак баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки машғулият барои амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус доир шуд.


Ҷаласаи Шурои байниҳукуматии ҳамоҳангсози ИДМ 
16-уми сентябр сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода дар ҷаласаи 25-уми Шурои байниҳукуматии ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои тухмипарварии ИДМ, ки дар шаҳри Ашхобод баргузор гардид, иштирок намуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки ба рӯзномаи ҷаласа  масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи тухмипарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа шомил буданд.


Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ 
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Азиз Назар дар Конфронси умумии Агентии  байналмилалии неруи атомӣ, ки дар Вена доир гардид, оид ба ҳамкории дуҷониба бо ин Агентӣ дар соҳаҳои истифодаи сулҳҷӯёнаи фанновариҳои ҳаставӣ сухан ронд. 
Дар Вазорати  саноат ва технологияҳои нав ба хабарнигори «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, ки дар Конфронс аҳамияти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран ғализгардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид шуд.


Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва АМА  
17-уми сентябр дар шаҳри Абу-Забӣ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо вазири давлатии Девони вазирони Аморот Аҳмад Алӣ ас-Сайёғ мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Аморотро баррасӣ намуданд.


Таҳлили вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак 
17-уми сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки зимни он ба масъалаи пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, масъулон даъват гардиданд, ки дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намоянд. 


Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург 
Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми байналмилалии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён иштирок дошт.
Тавре аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд,  Матлубахон Сатториён дар мавзуи «Нигоҳи ояндаи ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ» маъруза намуд.

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив