ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “МЕРОСИ ХАТТИИ ТОҶИКОН”. ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ ДАР ХУҶАНД

“МЕРОСИ ХАТТИИ ТОҶИКОН”. ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ ДАР ХУҶАНД

20 сентябр 2024, Ҷумъа
18
0


Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд”, ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб намоиши муштараки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони “Мероси хаттии тоҷикон” баргузор шуд.

Воқеан, мероси хаттии ҳар як миллат ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи он нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиш ва муаррифии шоистаи мероси хаттии ниёгон дар замони муосир як амри муҳим ва зарурист.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 адад нусхаҳои нодири дастнавис ва чопи сангие, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, ирфонӣ, адабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, инчунин, намунаҳои мухталифи ҳунари хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик, ки аз ҷониби хаттоти чирадасти тоҷик Комилҷон Саидолим китобат гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Вижагиҳои асосии осори ба намоиш гузошташуда, пеш аз ҳама, дар он аст, ки котибони нусхаҳои дастнавис аз минтақаҳои гуногуни ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон,  ба монанди Ҳисор,  Нуробод, Файзобод, Қаротегин (Рашти имрӯза), Дарвоз, Яғноб, Хуҷанд, Исфара ва Бохтар мебошанд. Ин далели равшан ва раднопазири рушд ва ташаккулёбии ҳунари китобдориву китобнависии тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ маҳсуб меёбад. 
Намоиши “Мероси хаттии тоҷикон” дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” то 20-уми сентябр идома меёбад.

Муҳаммадҷон МУСОЕВ, шаҳри Хуҷанд

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив