ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУЛИСТОН. БЕШ АЗ 5 КИЛОМЕТР  РОҲИ АДРАСМОН – ХУҶАНД МУМФАРШ ШУД

ГУЛИСТОН. БЕШ АЗ 5 КИЛОМЕТР  РОҲИ АДРАСМОН – ХУҶАНД МУМФАРШ ШУД

20 сентябр 2024, Ҷумъа
9
0


Шаҳри Гулистон яке аз минтақаҳои саноатӣ ва сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бунёди иншооти таъиноташон гуногун ва таъмиру тармими роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. 

Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон – Хуҷанд, ки 60 сол боз таъмиру таҷдид нагардидааст, мумфарш мешавад. Бояд ёдовар  шуд, ки ин кори нек ҳанӯз соли 2023 оғоз гардида, наздик ба 20 км роҳ пурра мумфарш шуда буд.
Чанде пеш сокинони сарбаланди шаҳрак ин иқдоми некро бо истифода аз рӯзҳои мусоиди тобистону тирамоҳ идома дода, бино ба иттилои раиси Ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода, боз 5 км дигари роҳро мумфарш намуданд. Бо ин амали хайр масъулин ният доранд, ки роҳи мазкурро марҳала ба марҳала мумфарш карда, мушкили рафтуомади сокинонро осонтар гардонанд. Шаҳраки Адрасмон дар фосилаи 60 км дуртар аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.
Тавре  гуфта  шуд,  мумфаршкунии роҳҳо дар заминаи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ мешавад.

Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив