ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагон

Ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагон

23 сентябр 2024, Душанбе
13
0
19-уми сентябр муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бо  ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ки таҳти сарварии  Патрисия Шулс ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд. 
Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба зӯроварии гендерӣ, мушкилӣ ва чораҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оиларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст. 
 
 
Иштироки муовини якуми Сарвазир дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ 
20-уми сентябр муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор гашт, иштирок намуд. 
Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар додааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифта, лоиҳаҳои санадҳое, ки барои  таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори Созмон равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ шуданд.
 
 
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратии мақомоти интихобот ва раъйпурсӣ 
Аз 18 то 20-уми сентябр дар шаҳри Минск ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода дар ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии  кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд.  
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад, ки дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии Бахтиёр Худоёрзода бо раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус Игор Карпенко доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо равобити дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
 
 
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Россия 
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Россия доир мегардад. Дар ин хусус 20-уми сентябр дар шаҳри Москва зимни вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Россия Сергей Сивилёв иттилоъ дода шуд.
Тавре ба мо аз Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла таҳияи стандартҳои соҳавӣ ва фаъолияти НБО «Сангтӯда-1», мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Табодули афкор оид ба масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ 
19-уми сентябр муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин дар шаҳри Лондон бо муовини котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҳамиш Фалконер мулоқот кард. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳитизистӣ табодули афкор намуданд.
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив