ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. БУНЁДИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ВА СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

ИСТАРАВШАН. БУНЁДИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ВА СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

23 сентябр 2024, Душанбе
23
0
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати амалисозии сиёсати иҷтимоӣ ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтааст, ки барои ятимон, кӯдакони яккаву танҳо ва бесаробон сохтмони бинои нави мактаб-интернатро оғоз бахшад. Айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ  500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва кор бомаром ҷараён дорад. 
 
Бинои мактаб-интернат сеошёна буда, дар он 22 синфхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд. Дар шафати бино маҷмааи варзиш низ сохта мешавад. Дар бинои нав имкон аст, ки то 300 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.
Ин ташаббуси некро академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳкам Маҳмудов самимона дастгирӣ намуда, дар бунёди бинои наву муосири мактаб-интернат ҳиссаи муносиб гузоштанд. 
Дар ин радиф, ҷиҳати амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди биноҳои иловагии мактабро бо мақсади босаводу бофарҳанг тарбия ёфтани фарзандон аъзои кумитаи падару модарон, сокинони  маорифпарвар ва соҳибкорони муваффақи диёр идома дода  истодаанд.
Хосатан, ба таври ҳашари умумӣ ва дастгирии молиявии саховатмандону соҳибкорони маҳаллӣ бунёди иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончи, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зикр дошт, дар се соли охир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иқдоми наҷиб роҳандозӣ гардидааст, ки дар тақвияти ташаббусҳои сокинони шаҳр мусоидат мекунад. Ин иқдом имкон дод, ки сокинону соҳибкорони маҳаллӣ тавассути кумитаи падару модарон дар назди муассисаҳои таълимӣ иншоотҳои иловагӣ созанд ва МИМҲД-и Истаравшан таҷҳизот, аз ҷумла мизу курсӣ, тахтаи синф ва амсоли инҳоро таъмин менамояд.
Дар идомаи иқдоми мазкур алҳол 38 синфхонаи иловагӣ бо 2160 ҷойи нишаст, 2 толори варзишии наздимактабӣ ва як ошхонаи мактабӣ дар арафаи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки аксаран дар деҳаҳои дурдасти шаҳр ҷойгир мебошанд.
Дар маҷмуъ, ҷиҳати истиқболи сазовор аз Ҷашни  фархунда –  35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан силсилаи бунёдкориҳо роҳандозӣ   мешаванд.
 
Саъдулло МАХКАМОВ, 
рӯзноманигор
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив