ФУТЗАЛ
Тими Тоҷикистон зӯрозмоияшро дар Чемпионати ҷаҳон анҷом дод
Футболбозони толории тоҷик дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2024 дар гурӯҳи “Е” аз тими Панама бо ҳисоби 3:8 шикаст хӯрданд.
Дар ду даври аввал шогирдони Пайрав Воҳидов аз тимҳои Марокаш (2:4) ва Португалия (2:3) мағлуб гашта буданд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳ дастаҳои Португалия ва Марокаш мусобиқаро дар даври ҳаштякфинал идома медиҳанд. Аз дигар гурӯҳҳо дастаҳои Парагвай, Нидерланд, Коста-Рика, Бразилия, Тайланд, Хорватия, Аргентина, Украина, Афғонистон, Испания, Қазоқистон, Эрон, Фаронсаву Венесуэлла ба плей-офф роҳхат гирифтанд. Бозиҳои даври ҳаштякфинал 24-27-уми сентябр доир мегарданд.
ГӮШТӢ
Медали нуқраи Мустафо Ахмедов дар Oil Capital Cup
16-21-уми сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштӣ – Oil Capital Cup баргузор шуд.
Дар Мусобиқа варзишгарон аз 11 давлат ширкат доштанд. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро се нафар – Мустафо Ахмедов (гӯштии тарзи озод), Отабек Қобилов, Шероз Очилов (гӯштии юнонӣ-римӣ) намояндагӣ карданд, Мустафо ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Ӯ дар вазни -70 кг дар ҳаштякфинал намояндаи Арманистон, дар ду даври дигар варзишгарони мизбонро мағлуб кард, вале дар финал аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрда, ҷойи дуюмро гирифт.
БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОСИЁ
Сабти рекордии давлатҳои иштирокчии Бозиҳои зимистонаи Осиё
Барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи Осиё-2025 то кунун 34 Кумитаи миллии олимпӣ (КМО), аз ҷумла Тоҷикистон, сабти ном шудаанд.
Барномаи чорабинӣ, ки аз 7 то 14-уми феврал дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, байни курортҳои лижаронии Ҳарбин ва Ябули баргузор мешавад, шаш намуди варзишро дар бар мегирад.
Лижаронии кӯҳӣ, шорт-трек, рақси рӯйи ях, лижаронии кӯҳӣ ва сноуборд аз маъмултарин намудҳои варзиш мебошанд. Мусобиқаҳои ҷуфти омехта дар кёрлинг, кӯҳгардӣ бо лижа ва ҷаҳиши синхронӣ дар фристайл бори аввал шомили барномаи Бозиҳои зимистонаи Осиё гаштаанд.
ФУТБОЛ
Марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оғоз ёфт
21-уми сентябр дар шаҳри Душанбе марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 миёни ҷавонон дар гурӯҳи “Е” оғоз ёфт. Дар мусобиқа 5 даста: Тоҷикистон, ҶХД Корея, Уммон, Малайзия ва Шри-Ланка ширкат дорад. Дар даври аввал тими ҷавонони ҶХД Корея бар Шри-Ланка (4:0) ва Малайзия бар Уммон (2:1) ғалаба карданд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро 23-юми сентябр муқобили Шри-Ланка доир мекунад.
Умуман, 45 давлати қора дар 10 гурӯҳ барои 16 роҳхат талош мекунад. Тибқи низомнома, ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини ҷойи дуюми гурӯҳҳо ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки 6-23-юми феврал дар Чин доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)