ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

24 сентябр 2024, Сешанбе
22
0
22-юми сентябр дар ҳошияи Саммити оянда дар Ню-Йорк байни Тоҷикистон ва Донишгоҳи СММ (UNU) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории академӣ ва илмӣ ба имзо расид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ҳадафи он густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи Созмон тавассути Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) мебошад.
 
 
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши маориф 
Дар Лондон мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо сарвари департаменти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба масоили маориф Кэтрин МакКиннел баргузор гашт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҳамсуҳбатон доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши маориф, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самтро, матраҳ намуданд.
 
 
Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Италия 
Шуруъ аз 14-уми октябри соли 2024 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, ки 23-юми апрели ҳамин сол дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ба имзо расида буд, пас аз гузарондани расмиёти зарурии дохилидавлатӣ аз ҳар ду ҷониб, эътибор пайдо менамояд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ додааст, ки тибқи муқаррароти Созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Италия, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе раводид ба муддати на зиёда аз 90 рӯз давоми 180 рӯз ворид шаванд ва будубош намоянд.
 
 
Дар Давҳа масъалаи содироти меваю хушкмеваҳо матраҳ шуд
19-уми сентябр мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси раёсати Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал ҳолдинг» Шайх Файсал ибни Қосим оли Сонӣ доир гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар, аз ҷумла содироти меваю хушкмева ва маҳсулоти хушсифати гӯштӣ аз Тоҷикистон ба Қатар тавассути ҳамлу нақли ҳавоӣ, баррасӣ гардиданд.
 
 
Танзими сафарҳои расмии сатҳи олӣ баррасӣ гардид
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир ва вазири рушди деҳот ва минтақаҳои Малайзия Дато Сери доктор Аҳмад Заҳид Ҳамидӣ мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ байни ду давлат баррасӣ шуданд.
 
 
Талошҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи минтақа самарабахш арзёбӣ шуданд
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода бо вазири федералии мудофиаи ин кишвар Хавоҷа Муҳаммад Осиф вохӯрд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистон ва  Покистон, бахусус дар соҳаҳои иқтисод, авиатсияи гражданӣ, амният ва низомии техникӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
 
Масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гаштанд
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Туркманистон Аманмухаммет Сазаков мулоқот дошт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва дурнамои муносибатҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
 
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив