ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АТЛАС ВА АДРАС-2024».  ҶАМЪБАСТИ ХОТИРМОНИ ФЕСТИВАЛ ДАР ПОЙТАХТ

«АТЛАС ВА АДРАС-2024».  ҶАМЪБАСТИ ХОТИРМОНИ ФЕСТИВАЛ ДАР ПОЙТАХТ

24 сентябр 2024, Сешанбе
22
0
Санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикос ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он дар байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.
 
Ин аст, ки ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Атлас ва адрас-2024» баргузор шуд.
Дар қисмати ифтитоҳии Фестивал Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз намоиши маҳсулоти истеҳсоли ватании атлас ва адрас дидан намуданд. Дар рафти намоиш таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои андешидашуда имсол Фестивал маротибаи сеюм аст, ки дар шакли нав баргузор мегардад. Рангорангӣ ва зебоии атласу адрас дар мавсими имсола дар коллексияҳои тарроҳони маъруф, аз ҷумла Умед Кучкалиев, Вайс Асоев, Томирис, Сокина Султонова, Маҳина Раҷабова, Маҷин Олимзода, Наимахон Бобоева, Матлуба Ниёзова, Шаҳло Абдураҳимова, инчунин тамғаҳои «Charlote», «Gooli Noor», «Ikat House» ва «Shom Handmade» ба намоиш гузошта шуданд. 
Бояд гуфт, ки Фестивал имконияти барқарор намудани муколама байни тарроҳони касбӣ ва истеҳсолкунандагони матоъро фароҳам оварда, ба рушди на танҳо истеҳсоли либосҳои аълосифат, балки намудҳои гуногуни матоъҳои абрешимӣ, омехта ва пахтагин, ки дар бозори маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ талабот доранд, мусоидат менамояд. 
Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии Фестивал аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардид. 
Дар номинатсияи атласу адрасбофӣ ҷойи якум ба корхонаи “Атласи Хуҷанд”, ҷойи дуюм ба ноҳияи Шаҳритус ва ҷойи сеюм ба гурӯҳи ҳунармандии “Шоҳзамон” дода шуд. Дар номинатсияи пиллапарварӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» ҷойи якум, ноҳияи Данғара ҷойи дуюм ва ноҳияи Ёвон ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
 
ХАБАРҲОИ ИЛМӢ
ВЕНА
Иштироки олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ 
 
Чанде пеш дар пойтахти Австрия– шаҳри Вена ҷаласаи навбатии Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ баргузор шуд. Дар он Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Азиз Назар, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав ва Идибек Каландар, роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди АБНА, ширкат варзиданд.
Ҷаласаи имсола ба масъалаҳои муҳим дар робита ба кӯшишҳои глобалӣ дар самти пешгирии густариши силоҳҳои ҳастаӣ, ҳамкориҳои техникӣ ва ташаббусҳо, ки ба рушди устувор тавассути истифодаи технологияҳои ҳастаӣ мусоидат мекунанд, бахшида шуд. Дар доираи ҷаласа, намояндагони АМИТ тоҷик бо ҳамтоёни байналмилалӣ мулоқотҳои сатҳи баланд баргузор намуда, омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими иқтидорҳои худ дар соҳаи бехатарии ҳастаӣ ва ҳифзи амният таъкид сохтанд. 
 
 
СОЧИ
Се медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ
 
Аз 15 то 22-юми сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024  (OWAO-2024) баргузор гардид, ки дар он 102 хонандаи болаёқат аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуд.
Дар Олимпиада Сайида Абдуҳамидова ва Ҳусанҷон Салимов сазовори медалҳои нуқра, Ҳусейни Ғуломзода соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки  ҳар се толибилм аз Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошанд.
 
Гулнисо САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив