ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  НИГАРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ  МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

СУҒД.  НИГАРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ  МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

25 сентябр 2024, Чоршанбе
27
0
Баъд аз анҷоми иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода,  раиси вилояти Суғд, аз вазъи ҷамъоварии пахта дар навоҳии кишоварзии вилоят изҳори нигаронӣ кард. Мавсуф, аз ҷумла, иброз дошт, ки деҳқонон бо чи заҳмату ранҷу бедорхобиҳо ҳосили фаровонро ноил шуданд, акнун самари ин ранҷҳо бояд бе талаф ҷамъоварӣ шавад. 
Вале мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки дар ҳамаи навоҳии пахтакори вилоят ҷараёни ғунучуни ҳосил мувофиқи матлаб нест. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта  дар вилоят 18,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, ҳоло ҳамагӣ 11 ҳазору 785 тонна  ҳосил  ҷамъ оварда шудааст. Масалан, дар ҳамин давраи соли 2023 дар ноҳияи Ашт  нақша 20,1 дарсад ба иҷро расида, хирмани ороста  2 ҳазору 849 тонаро ташкил медод, имрӯз (23.09.24)  бошад, аз аввали мавсим ҳамагӣ 449,3 (3,2 дарсад) тонна пахта ҷамъоварӣ шудаасту халос. Мутаассифона, ин вазъият дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ, ба чашм мерасад, ки  қобили қабул нест.
Масъалаи дигари нигаронӣ ин сафарбарии чинакчиён аст. Агар соли гузашта дар ин шабу рӯз дар саҳро зиёда аз 40 ҳазор нафар дар ҷамъоварии пахта ширкат варзида бошад, имрӯз ҳамагӣ  18-19 ҳазорро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят аз ҳамаи масъулини шаҳру навоҳии пахтакори вилоят, соҳаи кишоварзӣ қатъиян талаб кард, ки дар ин рӯзҳои мусоид суръати ҷамъоварии пахтаро тезонда, то якуми октябр на кам аз 45 ҳазор тонна  пахта ҷамъоварӣ шавад. Баҳри суръатафзоии ғунучини ҳосил  аз кулли масъулини соҳа тақозо шуд, ки музди кори чинакчиёнро  сари вақт пардохт карда, онҳоро дар нисфирӯзӣ бо хӯроки гарм таъмин намоянд ва дар рӯзҳои истироҳат, дар мувофиқа бо роҳбарони корхонаҳо, ёрдамчиёнро ҷалб кунанд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”                            
Санаи нашр: 25.09.2024 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив