ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ-2024

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ-2024

27 сентябр 2024, Ҷумъа
12
0
25-уми сентябр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) оғоз ёфт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва бо мусоидати ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» баргузор мегардад.
Дар ифтитоҳи DІТЕ-2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони корпуси дипломатӣ ва бародаршаҳрҳою аъзои ташкилоту созмонҳое, ки шаҳри Душанбе ба онҳо дохил аст, иштирок намуданд.
Дар Намоишгоҳ, ки аз 26 то 27-уми сентябр дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbе Eхро) баргузор мешавад, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасониашонро муаррифӣ менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат баргузор мешавад. Намоишгоҳ, инчунин, имкони омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина, таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳиро фароҳам меорад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»



ДЕВАШТИЧ. МАКТАБСОЗӢ ОЯНДАСОЗИСТ
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар деҳаи Файзободи деҳоти Далёни Боло бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ мактаби нав мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими кушодашавии он раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатҷон Комилов иштирок намуданд.
Раиси ноҳия ба истифода дода шудани муассисаи мазкурро дар ҷашни истиқлол падидаи муҳим хонд, зеро аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат ба мактабу маориф аҳамияти хос медиҳанд.
Муассиса бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ бунёд ёфт. Ин иқдом мушкилии чандинсолаи сокинони деҳаро осон намуд, зеро хонандагони деҳа дар МТМУ №48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳаи Файзобод 3 километр дуртар ҷойгир буд. Ҳатто, хонандагон селроҳаи жарфиаш 6-метраро тавассути пули фарсуда убур мекарданд, ки ин ҳолат ташвишовар буд.
Бо қомат афрохтани мактаби нав, ин мушкили сокинон ҳалли худро ёфт ва акнун 240 хонандаи деҳа дар синфхонаҳои замонавӣ таҳсилро идома медиҳад. Мактаби нав аз 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзиш иборат мебошад.
Дар охир сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шахсони фаъоли деҳа тақдим гардид.

АМАЛИ СОЗАНДАИ МАРДУМИ ЛОЛАЗОР
Ҳамчунин, дар арафаи Соли нави хониш дар МТМУ № 61-и деҳаи Лолазори деҳоти Яхтани ноҳия низ, синфхонаҳо таъмир гардида, дубора ба истифода дода шуданд. Раиси ноҳия зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар Муассисаи мазкур 6 синфхона ва 2 бинои маъмурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри мураббаъ ҷойгир аст. Барои ин, беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Улуғбек Юлдошев, Мурод Ҷӯраев, Шавкат Турдиалиев ва устоҳо Нуъмонҷон Муҳаммадиев, Ғайрат Ҳасанов, Шерматбек Отақӯзиев, Азимҷон Муҳаммадиев дар амали созанда саҳми арзанда гузоштанд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият” Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив