БУХОРО. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ КӮДАКОН АЗ НАМОИШНОМАИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИК
Чанде пеш ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон меҳмони кӯдакони Бухоро буданд. Онҳо дар ин сафари эҷодӣ намоишномаи «Маликаи шӯх»-и Ҳотам Салимовро ба тамошобинони хурдсоли худ тақдим намуданд. Тавре роҳбари гурӯҳ Наргиз Розиқзода ба “Ҷумҳурият” гуфт, ин сафари ҷавобии онҳо ба вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
– Моҳи ноябри соли гузашта Театри лӯхтаки вилояти Бухоро дар шаҳри Душанбе сафари эҷодӣ дошт. Ҳамтоёни мо намоишномаи «Табиби хасакӣ»-и Муноҷот Эргашеваро ба тамошобинону наврасони тоҷик армуғон оварданд. Ин намоишнома хеле пазироии гарму ҷӯшон пайдо намуд, – гуфт Наргиз Розиқзода.
Вай афзуд, ки дар шаҳри Бухоро ва шаҳру ноҳияҳои Когон, Ғиждувон ва ноҳияҳои дигари ин вилоят тамошобинони хурдсол аз ҳунарнамоии Гулнисо Сайдалиева, Мавлуда Неъматова, Искандар Бухориев ва Ҳотам Салимов хеле завқ бурданд.
– Ин сафари меҳмонони мо ба Иди Наврӯзи оламафрӯз рост омад. Мизбонону меҳмонон дар атрофи деги суманак давра гирифта, шодиву хурсандӣ ва ҳамдигарро бо фарорасии ин Иди бошукӯҳ табрик карданд. Ҳама шукрона намудем, ки ба шарофати ду Роҳбари оқилу хирадманд – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев алоқаҳои фарҳангӣ низ, беш аз пеш қавитар мегарданд. Сафарҳои эҷодии театрҳои лӯхтаки ду кишвар ба хоки ҳамдигар маҳз дар натиҷаи хидматҳои бузурги ду абармард сурат мегиранд, – изҳор намуд директори Театри лӯхтаки вилояти Бухоро Юлдош Генҷаев.
– Дар муддати чанд рӯз кӯдакон гурӯҳ-гурӯҳ ба тамошои намоишномаи ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон омаданд. Шодиву нишоти онҳо тасаввурнопазир буд. Чи хуш аст, ки мо дубора ба ҳам омадем ва ҳатто кӯдакон аз ҳунарнамоии ҳунармандон баҳра мебаранд, – мегӯяд бо ифтихор раиси Маркази миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Бухоро Рауф Авезов.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Бухоро
Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64