ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Чен Вентсин

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Чен Вентсин

27 сентябр 2024, Ҷумъа
11
0
24-уми сентябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо аъзои Бюрои сиёсӣ, котиби шуъбаи сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Вентсин мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши маводи нашъаовар, фурӯши одамон ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи суботу оромиро баррасӣ намуданд.


Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико
23-юми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби котиби давлатии ИМА Ричард Верма баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.


«Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд»
25-уми сентябр таҳти ҳамин унвон конфронси илмию амалӣ доир гардид.
– Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукмрон аст», – таъкид дошт Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз намуд, ки 30-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.


Барномаи нави ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Россия
Байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.
Дар Прокуратураи генералӣ ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки Барномаи мазкур зимни вохӯрии Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо ҳамтои худ Игор Краснов дар ҳошияи ҷаласаи 9-уми Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.


Оғози Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе
25-уми сентябр дар доираи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки иштирокдорони Форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ табодули андеша намуданд.


Омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ
Масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинол ва сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҷумҳурии мо Йорк Шуграф баррасӣ гардиданд.
Кумита иттилоъ медиҳад, ки Конфронси тарафҳо аз 21-уми октябр то 1-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Калии Колумбия доир мешавад. Дар мулоқот тарафҳо, инчунин, даври ниҳоии музокирот оид ба Паймони ҷаҳонии пластикиро баррасӣ намуданд.


Дар Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот баргузор шуд
24-уми сентябр бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва мулоқоти муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Россия таҳсил менамоянд, баргузор гашт.
Тавре Сафорат иттилоъ додааст, зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки донишҷӯён бояд дар дарсҳо иштирок намуда, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона саҳм гузоранд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал ва одобу ахлоқи ҳамида намунаи ибрат шуда, аз содир намудани ҷиноят ва пайвастан ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ худдорӣ намоянд.


Густариши ҳамкориҳо байни Душанбе ва Шероз
24-уми сентябр муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини раиси шаҳри Шерози Эрон Чоубини Муҳаммадалӣ вохӯрд.
Тавре ба мо дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр тавзеҳ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масоили ҳамкорӣ байни Душанбе ва Шерозро баррасӣ намуданд.
Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив