ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. ҲАДАФ - ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ АЗ ВАЙРОНКОРОН

ҲИСОР. ҲАДАФ - ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ АЗ ВАЙРОНКОРОН

01 октябр 2024, Сешанбе
12
0


Бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор Абдуҷалил Юсуфзода, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 155 нафар барои дар ҷойҳои муқаррарнагардида партофтани партов протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Барои минбаъд риоя кардани қоидаҳои партовпартоӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз ифлосшавии об назоратро сахттар намуда, аз аввали сол то ҳол 126 ҳолати ифлоскунии обро ошкор карда,  қонуншиканонро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Инчунин, 38 нафар барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон ҷарима шудааст. 
– Барои таъмини амнияти экологӣ, ҳимояи табиат ва олами набототу ҳайвонот мутасаддиёни шуъба ҳамвора дар талошанд. Давоми соли равон 19 ҳолати шикори ғайриқонунии моҳӣ ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандагон беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин гардид.  Дар ин асно, ашхосеро, ки ба табиат зарар расондаанд муайян намуда, нисбати онҳо ҷаримаи маъмурӣ муқаррар карда шуд, – афзуд А. Юсуфзода.
Масъулони шуъба дар ҳашт моҳ 559 протоколи маъмурӣ тартиб дода, чандин ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти муҳити зистро пешгирӣ намуданд. Ҳатто, шахсони мансабдор барои вайрон кардани муҳити зист ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив