ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П. БУЙДОҚОВ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П. БУЙДОҚОВ

02 октябр 2024, Чоршанбе
11
0


30-юми сентябр дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов» Рӯзи Мавлоно таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар Коллеҷ озмуни мавлавихонӣ ва чорабинии бошукӯҳи адабию мусиқӣ баргузор шуд.
Дар оғози чорабинӣ донишҷӯёни таълимгоҳ, ки иштирокчии озмун буданд, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Сипас,  аз рӯи барнома рақси самоъ, сурудҳо аз ғазалиёти Ҷалолиддини Балхӣ дар иҷрои устодону донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардид. 
Дар анҷом директори Муассисаи таълимӣ Салоҳиддин Раззоқзода ва ҳайати ҳакамон  ба донишҷӯёне, ки дар озмуни мавлавихонӣ ғолиб шуданд, туҳфаҳои арзишманд ва сипосномаҳо тақдим намуданд.

Дарвеш ҚУРБОНОВ, «Ҷумҳурият»



Вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагон  бо вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ 
30-юми сентябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиа мулоқот дошт. 
Тибқи иттилои интишорнамудаи Маҷлиси намояндагон, зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯз имконият фароҳам гардидааст, то сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ таъмин шавад ва тамоми воситаҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо назардошти манфиатҳои миллии ду давлати бародар бояд истифода намуд.


Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ 
Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи умумии СММ  вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ бо тамаркуз ба имкониятҳои кишварҳои узви СҲИ, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба фаъолияти муассири Созмон ҷиҳати бунёди низоми боэътимоди нақлиётию коммуникатсионӣ, содагардонии расмиёти соҳаи тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ дар таркиби он манфиатдор мебошад.


Бозбинии дурнамои Хазинаи асъор оид ба Тоҷикистон 
30-юми сентябр вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Мэтю Гартнер баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи баланд бурдани дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025-ро баррасӣ намуданд. Иброз гардид, ки бо назардошти таъмини суръати рушди иқтисоди мамлакат дар ҳашт моҳи соли 2024 дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025  бозбинӣ ва баланд карда мешавад.


Вазирони нақлиёти Тоҷикистон, Чин ва Покистон масоили соҳаро баррасӣ намуданд
Дар доираи Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар шаҳри Пекин вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо вазири нақлиёти Чин Ли Сяопен, вазири федералии коммуникатсияи Покистон Абдул Алим Хон ва директори департаменти нақлиёт ЭСКАТО Веймин Рен вохӯрд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо масоили марбут ба фаъолияти комиссияҳои корӣ, лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, дастрас намудани рухсатномаҳо барои боркашонии байналмилалӣ ва бунёди нуқтаҳои хизматрасонии техникии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуданд.


Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 4-уми раисони шаҳрҳои СММ 
Дар шаҳри Женева Форуми 4-уми раисони шаҳрҳои СММ бо иштироки раисон ва муовинони раиси 70 кишвари аъзо баргузор гашт, ки дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок дошт. 
Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, ки дар Форум масъалаҳо оид ба рушди шаҳрсозӣ, хавфҳои мавҷуда дар таъмини лоиҳаҳои марбут ба рушди устувор, ҷалби сармоягузорӣ барои иҷрои ташаббусҳо дар ин самт ва абзорҳои таҳкими манбаъҳои он мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.

Санаи нашр: 02.10.2024 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив