ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.  ДЕҲАҲО НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАНД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.  ДЕҲАҲО НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАНД

03 октябр 2024, Панҷшанбе
10
0


Дар деҳоти Работи шаҳри Турсунзода пиру ҷавон барои дар сатҳи зарурӣ ва сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва азму талоши мардуми меҳнаткаши деҳот, дар дурдасттарин деҳаҳо роҳҳо таҷдиду таъмир ва инфрасохтори маориф, тандурустӣ ва варзиш бунёду барқарор шуда истодаанд.

Фирӯз Маликов, раиси деҳоти Работ, зимни мусоҳиба чунин иттилоъ дод:
– Тибқи нақшаи чорабиниҳо, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд дар деҳот 36 иншоот бунёду барқарор шавад. То имрӯз 23 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳолии деҳа дар назди МТМУ №31-и деҳаи Гулхас 8 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Инчунин, сохтмони МТМУ-и №66 дар деҳаи Асбоб, ки ду ошёна ва дорои 24 синфхона мебошад, бомаром ҷараён дорад. Корҳои бунёдии бинои МТМУ-и №99 бо 16 синфхона ва сохтмони пойдевори Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №100 иборат аз 12 синфхона, воқеъ дар деҳаи Ҳуснобод, бо тарҳи муосир идома доранд. 
Истиқоматкунандагони деҳаи Олимобод бунгоҳи тиббии деҳавиро бо қувваю маблағгузории худӣ навсозӣ мекунанд. Дар деҳаи Ширкент толори варзиш ва дар деҳаҳои Ҳуснободу Асбоб майдончаҳои варзиш  ба истифода дода шуданд.  Сокинони меҳандӯсти деҳот бо пешдастӣ ва мароми баланди меҳнатӣ иқдоми роҳсозиро пеша кардаанд. Соли ҷорӣ бо ёрии МИМҲД-и шаҳр ва фаъолону ашхоси саховатпеша дар деҳаҳои Кадучӣ 3,8 километр, Олимобод 4, Работ 1,5, Қипчоқ 1,5 ва Гулхас 1,5 километр роҳҳои мошингард мумфарш гардиданд. Ғайр аз ин, сокинон дар шаш деҳа  12 километр роҳи нақлиётгардро обод намуданд. Аҳли заҳмати деҳоти Работ ва МИМҲД-и шаҳр корҳои бунёдию созандагиро идома медиҳанд.  

Ёқуб СОДИҚ, «Ҷумҳурият»  

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив