ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

03 октябр 2024, Панҷшанбе
7
0



30-юми сентябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бисту якуми  Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум,   баргузор гардид.

Вобаста ба масъалаи якум – дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маориф муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ҳисобот пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки дар ин самт Нақшаи чорабиниҳои вилоят барои марҳалаи якуми солҳои 2022-2024 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад, ки тибқи нақшаи амали он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси замимаи якум 78, замимаи дуюм 58 ва замимаи сеюм 37 иншоот, дар умум сохтмони 173 иншоот пешбинӣ гардидааст. Барои сохтмону навсозии иншооти мазкур, дар маҷмуъ, сохтмони 173 иншоот бо маблағи 672800 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз дар доираи нақшаи амали Барнома 75 иншооти дорои 735 синфхона барои 18375 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Темурмалик шаштоӣ, Данғара 10 адад, Фархор, Балҷувон 5 ададӣ, Левакант, Ҷайҳун 4 ададӣ, Кӯшониён, Муъминобод, Ховалинг, Хуросон, Қубодиён сетоӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Панҷ, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин дутоӣ, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус яктоӣ иншоот рост омада, дар маҷмуъ, 43 дарсади иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.
Вобаста ба масъалаи дуюм сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Қурбоналӣ Собирзода ҳисобот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, беҳдошти муҳити зист, кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, чиниши пахта, даъвати ҳарбии наваскарон ва дигар масъалаҳо сухан ронда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ.  МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ БАРОИ ҶАВОНОН
Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тайи чанд соли охир ба маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор ба писарони тарбияткардаи хеш барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ дуои хайр медиҳанд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд.  1-уми октябр, чун анъана, дар маркази ноҳияи Файзобод маросими гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гашт.
Дар оғози чорабинӣ Мансур Каримзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси ноҳия барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар ба ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона камари ҳиммат бастанд. 
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимро ба анҷом расондааст. Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард гуфт, – Мансур Каримзода, раиси ноҳия.
Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия ба волидоне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, иҷрои нақшаи даъватро 100 дарсад таъмин карданд, сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон кард, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси ноҳия ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”




ҚАЛЛОБӢ.  МАРДУМФИРЕБ БА ДАСТ АФТОД
Кормандони раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баҳри пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои қаллобие, ки бо истифода аз интернет содир шуда, боиси расондани зарари калони моддӣ ва маънавӣ ба шаҳрвандон мегардад, фаъолиятро пурзӯр намуда, дар ин самт чораҳои қонунӣ мебинанд. 

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар асоси муроҷиату аризаҳои шаҳрвандон, сокини ноҳияи Дӯстӣ, деҳаи Нури Вахш, Мамадҷонов Абдулатиф Наимҷонович соли таваллудаш 1998 боздошт шуд. 
Номбурда бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварӣ дар сомонаи иҷтимоии "Тик-Ток" саҳифаи худро бо номи "Эҳсони фонди Тоҷикистон" кушода, бо пахши наворҳои гуногун худро ҳамчун шахси "хайрхоҳ" ва "мададрасони камбизоатону маъюбон" ҷилва додааст.
Шаҳрвандони ниёзманд тавассути шабакаи иҷтимоии “Вотсап” бо рақамҳои +79251859506 бо боздоштшуда А. Мамадҷонов суҳбат намуда, барои дар навбат истодан ва гирифтани кумакпулӣ дар ҳаҷми калон аз 500 то 1000 сомонӣ ба суратҳисоби ӯ интиқол медоданд. Зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки қисми зиёди шаҳрвандони ниёзманд ва камбизоат ба суханони ӯ бовар карда, бо воситаи системаи интиқоли маблағҳои пулии ҳамиёни электронии "Душанбе- Ситӣ", ба суратҳисоби рақами +992501319989, ки аз ҷониби А. Мамадҷонов пешниҳод гардидааст, маблағҳоро интиқол додаанд.
Дар навбати худ баъди маблағҳои мазкурро соҳиб шудан гумонбаршуда рақамҳои телефони шаҳрвандонро дар рӯйхати сиёҳ ҷойгир намуда, аз онҳо канораҷӯӣ намудаву ба шаҳрвандон зарари моддӣ расондааст.
Нисбат ба А. Мамадҷонов бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот то ҳол 13 ҳолати мардумфиребиро муайян намудааст. 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив