ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР.  ОМОДАГИИ ҶИДДӢ  БА ҶАШНИ МИЛЛӢ

ҲИСОР.  ОМОДАГИИ ҶИДДӢ  БА ҶАШНИ МИЛЛӢ

03 октябр 2024, Панҷшанбе
9
0


Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ҳисор бунёду барқарорсозии иншоот ва инфрасохтори таъиноташон гуногун идома дорад. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони бонангу ор ва мардуми заҳматкаши шаҳр дар роҳи ободии диёр камар баста, барои амалӣ намудани иқдомҳои созанда шабу рӯз дар талошанд.
Абдураҳмон Раҳмонзода, котиби комиссия оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ҳисор, дар ин бора ба «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод: 
– Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳри Ҳисор бунёду барқарорсозии 1675 иншоот ва инфрасохтори таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 588 иншоот бунёду барқарор гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин асно, 320 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт. Маблағи умумии дар корҳои сохтмонӣ масрафгардида 197 миллиону 964 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфти мутасаддиён, тибқи нақша, танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бояд 688 иншоот бунёд гардад. 
Дар деҳот 166,3 километр роҳ таъмирталаб аст. Бо ташаббуси МИМҲД-и шаҳр, соҳибкорон, сокинон ва фаъолони шаҳр то имрӯз 25,5 километр роҳи мошингард таъмири сатҳӣ, 60,5 шағалпӯш, 25,5 бетонпӯш ва 12,2 километр мумфарш шудааст. Иқдоми роҳсозиро сокинони бисёре аз деҳоти шаҳр идома дода истодаанд. Ба вижа, бо ёрии аҳолӣ дар деҳаи Зиракии деҳоти Алмосӣ 1,5 км роҳи мошингузар асфалпӯшт карда шуд. Дар оғози корҳои сохтмонӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ширкат варзида, барои бо техникаю дастгоҳҳои роҳсозӣ таъмин намудан ва иҷрои босифати корҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас додааст. Ҳамчунин, иқоматкунандагони деҳаи Чаманзори деҳоти Мирзо Турсунзода иқдоми роҳсозиро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, тасмим гирифтаанд, ки 4 километр роҳро бо маблағгузории худашон мумфарш намоянд. Корҳои роҳсозӣ дар деҳаҳо бомаром ҷараён доранд. 

Ёқуб СОДИҚ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив