ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ДАР ПОЙТАХТ

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ДАР ПОЙТАХТ

30 март 2023, Панҷшанбе
38
0


Дар Майдони “Истиқлол” - и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо - «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод. 
Тибқи иттилои манбаъ, дар маросими ҷоизасупорӣ Толиб Раҳимзода, муовини раиси шаҳр, зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат ва ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳаву ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Барои муайян намудани ғолибон ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Озмун аз рӯи панҷ номинатсия ташкил гардид. Барои ғолибон аз тарафи сарраёсати молияи шаҳр яксаду дувоздаҳ ҳазору панҷсаду панҷоҳ сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони ҳама номинатсияҳои Озмун барои ишғоли ҷойҳо бо дипломҳо ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадр гардиданд.
Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» ҷойи якум насиби  Боғи ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» (Боғи устод  Рӯдакӣ)  ва зинаи сеюм насиби Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ - фароғатии «Ҷавонон» гардид.
Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» ҷойи аввал гулгашти назди Сирки давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, мақоми дувум гулгашти хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино ва зинаи сеюмро гулгашти назди муҷассамаи  Садриддин Айнӣ соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино мақоми асосиро касб карданд. Дар номинатсияи “Композитсияи беҳтарин” зинаи якумро мавзеи назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дуюм - Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»  ишғол намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур Фирӯза Зоирова, гулпарвари Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» дар номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» сазовори ҷойи аввал эълон гардид. Гулдаста Амирова, гулпарвари Муассисаи давлатии “Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино” ҷойи дуюм ва Наврӯзҷон Ҳасанов, гулпарвари Муассисаи давлатии Майдони «Истиқлол»  сазовори ҷойи сеюм шуданд.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.03.2023 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив