ХАТЛОН. САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТ
Оғози октябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз якчанд ноҳия боздид ба амал оварда, иншооти гуногунеро, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
ҚУБОДИЁН
Ба истифода супурдани корхонаи хишти пухта ва оғоз бахшидан ба сохтмони роҳ
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Қаблаи деҳоти Утақара Назаров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли хишти пухта ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли то 40-50 ҳазор дона хиштро дорад. Дар корхона 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Тибқи иттилоъ, таҷҳизоти корхона аз хориҷи кишвар ба маблағи 500000 сомонӣ харидорӣ ва васлу насб шудааст. Сарвазири мамлакат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дод.
Қоҳир Расулзода, инчунин, дар деҳаи Бошқалъаи деҳоти мазкур ба сохтмони роҳи аҳамияти маҳаллидошта ба масофаи 3,5 километр оғози расмӣ бахшид. Роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатманд сохта мешавад.
ШАҲРИТУС
Баистифодадиҳии як қатор иншоот ва боздид аз хоҷагии деҳқонӣ
Сарвазири кишвар ва раиси вилояти Хатлон дар кӯчаи ба номи Носири Хусрави Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус коргоҳи дӯзандагии “Муродгул”-ро, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Холназар Достиев ба маблағи 1000000 сомонӣ сохта шудааст, ба истифода доданд. Дар коргоҳ 40 духтари маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Сипас, Қоҳир Расулзода ва Давлаталӣ Саид дар деҳаи Лолазори деҳоти ба номи Т. Садриддинов МТМУ № 11 ва корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои астбестиро ба истифода супурданд. МТМУ № 11 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфтааст. Бинои мазкур дуошёна буда, барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои астбестӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Сатторов ба маблағи 2000000 сомонӣ сохта шуда, дар он 13 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. Сарвазири кишвар ба масъулони корхона дастур дод, ки дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти шиферро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар деҳоти Холматови ноҳияи Шаҳритус аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ дар хоҷагии деҳқонии “Бабан бобо” дидан карданд.
Қоҳир Расулзода бо хоҷагидор суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамояд.
Баъд аз ин, Сарвазир ва раиси вилоят дар деҳаи Устокорони деҳоти Пахтаободи ноҳия МТМУ №18-ро ба истифода супурданд. Иншооти мазкур дуошёна буда, масоҳати умумии он 3,60 гектарро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар деҳоти Пахтаобод, инчунин, МТМУ №14-ро ба истифода доданд. Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон, иборат мебошад.
НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ
Ифтитоҳи бинои хизматӣ ва МТМУ№3
Қоҳир Расулзода ва Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав дар деҳоти Фирӯза бинои хизматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрадорро дар бар мегирад. Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвазири мамлакат ба оилаҳои хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуда, онҳоро ба хизмати софдилона барои миллату давлат даъват кард.
Сипас, Сарвазири мамлакат дар деҳаи Муродтеппаи ноҳия бинои иловагӣ дар назди МТМУ №3-ро мавриди истифода қарор дод.
Иншооти мазкур бо саҳми падару модарон, соҳибкорон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудааст. Иттилоъ доданд, ки Муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии мазкур туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба наврасон ба ҳисоб рафта, аз рушди тадриҷии соҳаи маориф дар вилоят башорат медиҳад.
Қоҳир Расулзода ба кормандон ва масъулони соҳа дастур дод, ки назорати сифати таълимро дар Муассиса ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"