ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОН ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ЗАБОН ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ

07 октябр 2024, Душанбе
18
0


Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми октябр дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳангӣ ба номи П. Бӯйдоқов, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, зери унвони «Нақши забони давлатӣ дар шинохти асолати миллӣ» Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. 
Конференсияро раиси ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Ҳамидзода ифтитоҳ бахшида, сипас, муовини раиси ноҳия ва дигар аъзои фаъоли ҲХДТ баромад намуданд. Зимни маърузаҳо нақши забон дар рушди давлат ва муаррифии миллати тоҷик зикр гашта, ҳифзу гиромидошти он ҳамчун муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандӯст арзёбӣ гардид. 
Дар чорабинӣ як қатор аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла директори Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг Салоҳиддин Раззоқзода, омӯзгорони Коллеҷ Бобохон Ҳасанов ва Фарангез Раҷабова барои саҳми намоён дар рушди забони давлатӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардонда шуданд. 

Дарвеш ҚУРБОНОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 07.10.2024 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив