ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО МАРК БОУМАН
Дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Боуман мулоқот намуд.
Дар мулоқот роҳбари БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел, муовини директор, намояндаи БАТР Бахтиёр Файзиев, бонкири пешбари сектори агробизнес Муҳаммад Дадабаев, таҳлилгарони БАТР Рафиқҷон Оқилов ва Олеся Икромӣ низ иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, сохтани гармхонаҳо ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят саҳми ташкилоти байналмилалии молиявиро дар татбиқи тарҳҳои бузург назаррас арзёбӣ намуд. Бо сармоягузории БАТР то имрӯз як қатор тарҳҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар», амалӣ шуд.
Раиси вилоят афзуд, ки мо сафари навбатии ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба шаҳри Бохтар барои баррасии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва рушди марҳалаҳои нави ҳамкориҳо байни минтақаи Хатлон ва БАТР як имконияти хуб медонем.
– Мо ба роҳандозии ҳамкорӣ бо ҷалби БАТР барои амалӣ намудани лоиҳаҳо дар соҳаҳои инфрасохтори роҳу нақлиёт, самаранокии энергия ва таъмини гармӣ, комплекси агросаноатӣ ва рушди сектори хусусӣ, махсусан дар деҳот, манфиатдорем, – афзуд раиси вилоят.
Ноиби якуми президенти БАТР дар Тоҷикистон Марк Боуман таъкид кард, ки Бонк омода аст барои ҳамаи самтҳои афзалиятнок маблағгузорӣ намояд. Бояд зикр кард, ки лоиҳаҳо дар самти идоракунии партовҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Ёвон, таъминот бо оби нӯшиданӣ дар шаҳри Норак ва рушди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон бо маблағи 30,2 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва БАТР такони хуб мебахшанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"